Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Онҳое ки дар сафи пеш буданд, ба девори қалъа бо дасту пой, ҳатто бо калла ва оринҷҳошон мезаданд ва дар айни замон ҳар чизе ки аз дашному ҳақорат дар бисоташон буд, бо ҷӯшу хурӯши тамом ба кор меандохтанд. Бо ишораи сарбозе ки дар баландӣ, дар паҳлуи ҳайкали иблис рӯи суфачаи тахтагине дар зери сели сангча рост меистод, аз канори издиҳом якду сарбози дигар омада, одамони ҷунунашон авҷгирифта ва дасту пою сару гарданашон хуншоршударо бо зӯр кашола карда ба гӯшае мебароварданд.
Даруни қалъа аз сангча пур шуда, аз лаби деворҳояш мешорид ва дар таки пои одамон пош мехӯрд. Ҳоҷиён сангчаҳои рехтаро дубора бардошта, ба сари қалъа мезаданд. Аз ҳар куҷои теппаи сангчазор кафшҳои резинии сурху кабуду сабзу сафеди ҳоҷиён намудор шуда меистод.
Тахмин панҷоҳ қадам дуртар аз ҳайкали якум ҳайкали дувуми шайтон ва боз дар ҳамин қадар масофа ҳайкали савум воқеъ гашта буд. Қалъаҳои дувуму савум шакли секунҷа ва мураббаъ доштанд, вале издиҳоми дар атрофи онҳо ғуншуда, ғавғою талотум ва доду фиғони ҳоҷиён айнан ҳамон гуна буд.
Дар замони зиндагии ҳазрати Иброҳим дар ин ҷо на ҳайкали шайтон буду на қалъаи он. Китобҳои муқаддас ривоят мекунанд, ки дар он айём худи шайтон дар ин ҷойҳо, чуноне мегӯянд, фаъолияти худро равнақу ривоҷ дода мегашт.
Ҳазрати Иброҳим Халилуллоҳ зани ҷавонашон Бибӣ Ҳоҷарро ба биёбони сӯзон пеш карда бошанд ҳам, ӯро тамом аз ёд набароварда буданд. Ҳар сари чанд гоҳ аз ҳазрати Бибӣ Соро рустӣ ба биёбон баромада, бо модари ҳазрати Исмоил камтар чақ-чақу дилхушӣ карда бармегаштанд. Дӯсти худованд бошанд ҳам, одамизод-дия.
Рӯзе аз рӯзҳо аз осмон садо омад, ки:
– Аё Халили мо, бигӯ, ки фарзанди дилбандат кадом аст?
Исҳоқ аст, ё Исмоил, ё дигараш?
– Исмоил, – ҷавоб доданд, дӯсти меҳрубони худованд.

пешина
аз 247
навбатӣ