Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сарроф аз чӯту қоғазҳои рӯи мизаш сар бардошта, ба мо салом дод.
– Русия?
Бале, гуфтем мо, аз Иттифоқи Советӣ.
1
– Vou are nice people, – гуфт сарроф табассумкунон ва дасти росташро аввал ба лаб ва баъд ба фарқи сараш расонида табрик кард, аз афташ, хуш омадед, қадаматон болои сар гуфтанӣ буд.
Хайрият, ки дар вақташ забони англисиро зӯр зада, бо машаққате андак омӯхта будаам ва ҳоло то даме ки суҳбат аз мавзӯъҳои одӣ берун наравад, бо азобе бошад ҳам, саволу ҷавоб карда метавонам.
Мо ба сарроф изҳори миннатдорӣ кардем ва дар навбати худ гуфтем, ки мардуми мо ба аҳли Республикаи Араб басо хайрхоҳанд. Мо толиби дӯст ва дӯстӣ ҳастем.
– Одами нағз будааст, – гуфт Исрофил, ҳангоме ки ба назди ҳамсафаронамон бармегаштем.
– Аз куҷо донистӣ?
– Аз муомилааш. Ситорааш ҳам гарм.
Шояд одами хуб бошад, мегуфтам дар дилам. Аммо хислати аҷиб доштааст. Худашро арӯси давлатманди асри миёна барин бо зару зевари бисёре оро додаасат. Занҷирчаи сари синааш тилло, чанд ангуштарини болои ҳам ба ангуштони сергӯшт гузаронидааш, ҳатто тугмаҳои остину пуччаки галстукаш тилло.
Ҳамаи ин тугмаю пуччаку ангуштарину занҷираҳо аз лаълу зумуррад ва алмосу забарҷад нигинҳои гаронбаҳо доранд, ки агар ба пул иваз кунад, баҳузур як табобатхонаи кори калони ҳозиразамон сохтан мумкин.
– Чаро ба хаёл рафтӣ? – пурсид Исрофил.
Ман хаёли худро гуфтам.
– Ба ту монанд, рӯи оламро аз табобатхона пур кунӣ.
– Табобатхона нафъ дорад. Воқеан, нафъи вай аз дуою тӯмор камтар набудагист.
– Ман дар умрам ягонта тӯмор нанавиштаам.

Шумо одамони хуб ҳастед (англисӣ).

пешина
аз 247
навбатӣ