Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

… Дар поён биёбони Либия домани хушкашро паҳн кардааст. Баъди соате биёбони Нубия оғоз хоҳад шуд. Биёбон аз паси биёбон. На дарахте ба мадди назар мерасад, на кӯле ва на дарёе.
Замони пеш мешуд, эҳтимол, ягон корвони уштурҳоро дидан мумкин буд. Ин маҳалҳо ҳазорон сол инҷониб, ҳатто аз ҳазорон соли пеш аз милод то ба ҳамин қарибиҳо майдони муҳорибаҳои хунин буд. Мисриҳо, ҳабашҳо, қабилаҳои Судони ҳозира, лашкари пайғамбарамон ва сонитар англисҳо ба ин ҷо, барои замин, барои ҳокимият тохтутозҳо карда, хуни якдигар мерехтанд. Бо баҳонаи орӣ намудани дини нав, паҳн кардани мазҳаби нав, бо баҳонаи дигар кардани султон ва ғайра ва ҳоказо. Дар ин биёбонҳо давлатҳои гуногун пайдо шуда, хароб гаштаанд, шаҳрҳо воҳаҳо ба вуҷуд омада, боз ба коми таърихи пир ғайб задаанд.
Ҳар гоҳ ки хаёл ба сайри кӯчаи дурударози таърих рафт, ҳатман аз он кӯча ҳам гузашта, худро ба роҳҳои аз он калону ношиностар меандозад, ки он роҳҳо Умри коинот ё Абадият ном доранд. Баъд як замон ҳушёр шуда мебинед, ки ба тангкӯчаи сарбастаи торике даромада мондааст ва роҳи баромадро наёфта, чун моҳии аз об берун афтода, ба худ метапад.
Аммо ман Искандар ном ҷӯраи ҳамкасаба дорам, ки аз ҳамин гуна тангкӯча ҳам роҳ меёбад. Тобистони гузашта ӯ маро ба саёҳати он сӯи қаторкӯҳи Ҳисор бурда буд. Гӯшаҳои беодами кӯҳистони ҳақиқиро бори аввал медидам. Дар роҳ худро дар домани як кӯҳи сар ба осмон кашида, дар байни анбӯҳи харсангҳое ки ҷуссаи онҳо аз пайкари ман миллионҳо маротиба калонтар ва пиртаранд, дида, вуҷудамро салобати ваҳмомезе фаро гирифт. Мани дар водӣ таваллудёфта ва ба воя расидаро азамат, ҳашамат ва маҳобати кӯҳсор, манзараи ин музеи пураасрори табиат тамом моту маҳбут гардонида буд.
Искандар бошад, аз муҳити одатии худ ба шавқ омада, дар бораи умри бесару анҷоми коинот, дар бораи абадият сухан мекард.
– Ту ба девор гап зада истодаӣ, – гуфтам ман.

пешина
аз 247
навбатӣ