Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҳа.
– Сер нашудӣ аз хоб?
– Ҳм-м.
– Расо уммати хоб будаӣ-дия. Мо бо ту чӣ аҳд карда будем?
– А? Дуямон ҷӯра мешавем, гуфта будем.
– Набошад, рӯятро ба ман гардон, гап зан.
– Ҳозир.
«Ҳозир» гуфта паҳлу гашта, чашмонашро боз пӯшид. Ба умеди он ки хоб барад, шароб нӯшида будам. Набошад дар ҷамъияти уламои ислом ба ин гуна густохӣ ҷуръат намекардам. Бе ин ҳам ба папироскашӣ, ба мӯйсарам, ба фотоаппарат бардошта гаштанам каҷ-каҷ нигоҳ мекунанд. Арвоҳ занад ин касалии ҳаринаи маро! Агар ҷомадонҳо дар шиками самолёт намешуд, ба худам ягон чизи хобовар укол мекардам. Хартум шаҳри аммакалонам нест, ки баробари фуруд омадан ба гӯшае ғелида, алами бехобиро биситонам.
– Исрофил!
– Чӣ?
– Нигоҳ кун, биёбонро бубин.
– Ана дидам, чӣ шудааст?
– Тухми ҳамсуҳбат анқо шудааст. Чорта гап зан, мегӯям.
Ту аз Хайём чизе хондаӣ? Гӯш кун, вай гуфтааст:

Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт:
К-аз хоб касеро гули шодӣ нашукуфт.
Чизе чӣ кунӣ ки бо аҷал бошад ҷуфт?
Бархез, ки умрҳот мебояд хуфт!

Мазмуни рубоиро ба қадри тавонам тарҷума кардам.
Исрофил гуфт:
– Маълум шуд, ки дар хоб ҳам ҳикматҳои аҷоиб шунидан мумкин будааст. Бихоб, азизам.
Ман дар хаёли дарди худ, мулло ба фикри қоши ман, – гуфта будааст як зани бемор.

пешина
аз 247
навбатӣ