Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Хайр, ҳоло хоб набарад, баръакс, беҳтар аст. Охир маро барои хизмат кардан ба гурӯҳи ҳоҷиён ба ин сафар шарик кардаанд. Рост, ки ҳамсафарони ман аз комиссияҳои синчакори тиббӣ гузашта, аз бемориҳои сироятие, ки дар хориҷа ҳаст, масалан, аз обила, вабо, тоун, вараҷаи тропикӣ эм карда шудаанд.
Бо вуҷуди ин ҳушёр бояд шуд. Яке аз ходимони идораи динӣ дар Маскав хеле мулоимона ва ба тарзи маданӣ таъкид карда буд, ки «барои зиндаву саломат баргаштани ҳар як ҳоҷӣ бо сари худ ҷавобгар ҳастед». Пас, Худо накарда, касофате шавад, ҳафт сар дошта бошам ҳам, ба ҷарима боз камӣ мекунад. Маълум, ки аз замони қадим ҳар яке аз уммати расули Худо орзу дошт, ки дар зиндагии чашмаш макони муқаддасро ақаллан як бор зиёрат кунад ва ҳар шахсеро, ки ё аз касалӣ ё аз қашшоқӣ дар остонаи хонаи шарафошёнаи парвардигор «ҷон ба ҷонофарин месупурд» ҳамчун бандаи муътабари худо, ё ҳатто зоти азиз ва авлиё шуҳрат медоданд.
Кӣ медонад, мегуфтам ман худ ба худ ҳанӯз он рӯзҳое ки бо ҳамсафарон шинос нашуда будам, рафту яке аз ҳамроҳон бо ҳила ё тақале ба чашми духтурҳо хок пошида, аз комиссияи тиббӣ сиҳат-саломат, дурусттараш, носиҳат ва носаломат гузашта бошад? Магар кам воқеъ шудааст, ки мо, муҳофизони сиҳатии мардум, гоҳо ба роҳхати курортӣ ё бюллетени бемории касоне имзои муборак мегузорем, ки эшон агар кӯҳро зананд, талқон мекунанд?
Ҳо, ана ду қатор пештар аз курсии мо, ҳазрати Наримон сари тосашонро дар шуои чароғ ялаққос занонида ва ҳурроки марғуладору ҳуштакомези худро ба садои моторҳои ҳавопаймо ҷӯр карда хобидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё