Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Агар ба ҷои духтурҳои шаҳри
1 ин кас ман мешудам, эшонро ба зиёрати Арабистони Суудӣ он тараф истад, ҳатто ба саёҳати одии кишвари худашон ҳам аз даҳ фарсах наздиктар намемондам. Дили ҳазрати Наримон то андозае озурдаву иллатӣ шуда мондааст, ки помидораки суп-сурхи пухтарасида ва аз расида ҳам хело гузаштаро ба хотир меорад.
Ба ин гуна помидор бо нӯки ангушт саҳл расиданатон кифоя аст, ки… Хайр, он тарафашро нагӯем, ҳам мешавад.
Мо пеш аз сафар дар яке аз меҳмонхонаҳои Виставкаи комёбиҳои хоҷагии халқ, дар тарафи рости проспекти Сулҳ истиқомат доштем. Рӯзи дувум ҳафт-ҳашт нафар ҳоҷиҳои оянда якдигарро аз рӯи ришу фаш ва саллаву ҷома шинохта, ба як хона ҷамъ омада суҳбат мекарданд. Камина ҳам он ҷо будам ва аз маврид истифода бурда кори худро мекардам, яъне бо ҳамсафарон шинос шуда, ному насаб, синну сол, маълумоти мухтасареро дар бораи касалиҳои аз сар гузаронидаашон ба дафтарчаам аз рӯи эҳтиёт қайд карда, таассуроти аввалинамро дар бораи ранги рӯю дараҷаи эҳтимолии саломатиашон навишта мемондам.
Ногоҳ як хизматгори меҳмонхона бо шаст ворид шуда, дар ҳолате ки аз воҳимаю изтироб қариб нафасаш мегашт, пурсид:
– Духтури шумо канӣ? Як бародаратон… дар он ҷо…
берӯзӣ аҳволаш бад…
Ана ҳамин ҳазрати Наримон дар хонае рӯи кати симин нимбеҳушу нимҳушёр мехобиданд. Набзашонро дидам, ки дили бечораашон дили кабӯтар барин ба бозӣ даромадаааст.
Ба ҳамсафарони ҷавонтарам, ки аз паси ман давида омада бу-
1 Аз сабаби нозукиҳои муносибате ки байни мо ва ходимони дин ҳаст, маҷбурам, ки аз кадом шаҳр ё республика будани баъзе аз ҳамсафаронро нагӯям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё