Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз афташ, умри ман ба ҳамин тариқа мегузарад. Бо ақлу фаросат ба хулосае омада бошам ҳам, дастонам бо амри савқи табиӣ ҳаракат мекунанд.
Ман дар бачагӣ як-ду маротиба мор куштаам. Морро бо каланд ё теша ду тақсим мекунед, аммо ду мори нимтагӣ мустақилона ба ду тараф меравад. Нафрати ба ҷӯш омадаатон дастони шуморо боз ба ҳаракат меоранд. Морро даҳ, бист, чил тақсим мекунед, вале ҳиссачаҳои душмани заҳрангез ҳамчунон меҷунбанд, мехазанд ва метапанд ва чунин менамоянд, ки дар ҳамин ҳолат ҳам ба шумо таҳдид мекунанд.
Беҳуда намегӯянд, ки гӯсола мурад ҳам алогии чашмаш намеравад.
Ё аз таъсири муҳити ҳанӯз тамоман, то охир наву коммунистӣ нашудае ки ман дар он зиндагӣ мекунам, ё аз тинати шахси худам майли созиши зоҳирӣ бо хурофот дар вуҷуди ман боқӣ мондааст.
Ҳамсафаронам ба тангкӯчае даромада, ба сӯи масҷид равона шуданд. Дар ин шаҳр манораҳои баланди муаззинӣ аз дур намоёнанд ва ёфтани масҷид кори душвор нест.
Каме пеш рафта ба бозори шабона расидам. Моҳи апрел, зоҳиран, дар ин ҷо айни авҷи тобистон мешудааст. Бозор пур аз тарбузу харбуза, банёну афлесун, себу нок ва дигар меваҳои рангоранги ин кишвар, ки барои ман ношиносанд ва на таъмашонро медонам, на номашонро.
Мевафурӯшон фонусҳои карасиниро ба тоқи дукончаҳо, сутуни пештахтаҳо овехта савдо мекунанд. Дар як гӯша зане бо писарчаҳояш ба рӯи бӯрёчае нишаста, дар болои оташдони сайёр қаҳва пухта мефурӯшад. Ҷавони дигар онсӯтар ба ҳамин гуна оташдон дар як зарфи кӯзашакл таоме пухта мефурӯшад.
Хӯрандагон дар атрофи ӯ баҳузур нишаста, аз он чизи атоламонанд харида мехӯранд.
Ин хел манзараро дар зодгоҳи ман ҳам дар ибтидои солҳои сиюм дидан мумкин буд. Давлати Советӣ ҷавон буд, дар Осиёи Миёнаи мо вай боз ҷавонтар буд ва ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот ва таъминоти халқро ҳанӯз ба дасти худ нагирифта буд. Ҳар бегоҳӣ дар ялангии назди маҳаллаи мо бозори ош барпо мегардид.

пешина
аз 247
навбатӣ