Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Дар муқобили ӯ шахси дигаре нишаста, рӯзнома мехонд. Одамони бисёре аз пеши онҳо гузашта, даро-баро мекарданд. Лекин мардак парвое надошт, пойҳои худро ба он ҷое ки одатан чизи хӯрданӣ ё нӯшиданӣ мегузоранд, баҳузур дароз карда менишаст.
– Биё, гарав мебандем, – таклиф кардам ба Исрофил. – Ман аз касе нопурсида, миллати ӯро ба ту мегӯям.
– Ёфтӣ аноиатро, куҷоӣ будани ӯро бе ту ҳам медонам, – эътироз кард Исрофил ва лаби поёнашро кашол карда, илова намуд: – Одамҳои ғалатӣ.
Ин гуна саҳнаро ман пештар ҳам дида будам. Боре ману Искандар ба Маскав омада, аз меҳмонсарои «Украина» ҷой гирифта будем. Он рӯзҳо анҷумани Ҷамъияти умумииттифоқии матлубот (Центросоюз) мегузашт ва дар меҳмонсаро аҷнабиён, хусусан меҳмонони хориҷии анҷуман бисёр буданд. Як бегоҳӣ ману ҷӯраам аз хонаи худ баромада, ба тарафи лифт мерафтем, ки айнан ҳамин гуна манзараро дидем: дар адл миёнаи фойеи лифтҳо мизи мудавваре меистод. Ба рӯи миз элонномаҳои ранга ба рангаи Аэрофлот ва ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷа паҳн карда шуда буд. Як мардаки хушлибосу хушандоми савлатдор ба курсии нарми чуқур нишаста, эълонномаҳоро мехонду пойҳояшро ба ҳамин тариқа рӯи миз гузошта буд.
Ман намедонам, ки оё дар Америка ин кор одати умум аст, ё онро якта-нимта зотҳои ба шахси худ фавқулода мағрур эб мебинанд. Ба ҳар ҳол, ин кирдор ба назарам бисёр хунук расид. Гӯё ба дастархон, ба рӯи нон пой дароз карда бошанд.
Искандар ҳам дақиқае хаёломез ба ин манзара нигоҳ карда истоду сипас ба ман:
– Андак сабр кун, бо ин ҷаноб камтар чақ-чақ кунам, – гуфта ба назди вай рафт.
– Мебахшед, – гуфт Искандар ба он мард салом дода. – Ман духтур ҳастам.
Меҳмони хориҷӣ аз ин тарзи нодираи шиносшавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё