Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

данд, фармудам, ки тирезаи хонаро калон кушоянд. Яке аз онҳо ҷомадони дорувор ва асбобҳои маро аз хонаам бардошта омад.
Ҳазрат баъди ним соати сӯзандору кардан ҷон гирифта ва нимхез шуда, ба кат нишастанду ба нутқ даромаданд:
– Ҷанобони муҳтарам! – гуфтанд ҳазрат ва чанд сония ба чеҳраҳои мо зеҳн монда, аз афти кор, мулоҳиза карданд, ки оё нутқашонро ба ҳамин оҳанг давом диҳанд мешавад, ё на.
Пас, ба хулосае омаданд, ки мешавад ва суханро идома доданд: – Ҷанобон! Ман аз шодӣ чӣ гуфтанамро намедонам. Не нагӯед, намедонам. Ман бисёр мамнунам, ки шарикони худро дар ин сафари муборак дида истодаам. Бандаи худои таоло беҳисоб аст, аммо ин гуна шараф насиби ҳар кас намешавад. Не нагӯед, намешавад.
Ҳуш аз сарам парид. Наход ҳамин одам бо чунин дили иллатӣ озими сафари дурударози душвор шуда бошад?
– Ҷаноби духтур, – изҳор намуд ӯ дар ҷавоби саволи ман.
– Ман аз авлоди хоҷаҳо ҳастам, яъне ҳафтод пуштам асилзода гузаштааст. Не нагӯед, гузаштааст. Ба қавли ман бовар кунед, ки хоҷа Наримон мисли асп бардам ва бақувват аст. Не нагӯед, бақувват аст.
Ба «ҷаноб» гуфта ба ман муроҷиат карданаш эътироз кардан мехостам. Аммо тарзи суханрониаш ба гӯшам чунон ғайриодӣ мерасид, ки эътирозам аз хотир баромад.
Ҳамон рӯз дар яке аз шуъбаҳои Совети Вазирони СССР ҳамаи ҳоҷиҳоро қабул карда, суҳбате оростанд. Ба мо дар бораи Республикаи Муттаҳидаи Араб, Республикаи Судон ва Арабистони Суудӣ, ки ба он ҷоҳо сафар хоҳем кард, мухтасар нақл карданд. Гуфтанд, ки ҳоҷиён ҳарчанд ходимони дин ҳастанд, аммо гражданҳои мамлакати Советӣ ҳисоб меёбанд ва бинобар ин ҳар ҷое ки набошанд, бояд тавре рафтор кунанд, ки муносиби ин ном бошанд.
Ман аз маврид истифода бурда, дар бораи касалии ҳазрати Наримон хабар додам, изҳори тааҷҷуб кардам, ки чӣ гуна ин одам бо дили дардманд ба чунин сафари серташвиш иҷозат гирифтааст.

пешина
аз 247
навбатӣ