Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Пешинӣ дар ҳавои гарм яхоб нӯшида, ба дарди гулу гирифтор шудааст. Аспирин додам, ки ҳарораташ паст шавад, баъд тетрасиклинро ба об ҳал кунонда, маҷбурӣ ба гулуяш рехтам.
Аз таъсири таби баланд ким-чиҳо мегуфт. Калимаҳои «ҷаннат, ҷаннати шариф»-ро бештар ба забон меронд.
– Натарс, – гуфтам ба ӯ оташинона. – Ҷои ту ҷаннат аст.
Агар ба он ҷо ту баринҳо надароянд, ҷаннат холӣ мемонад.
Мулло Зулфиқор даҳонашро ба гӯшам наздик оварда пичиррос зад:
– Ҷаннат номи занаш, духтур. Шариф – писараш.
Баъди он ки гулуи беморро ба пахтаи спиртолуд баста берун баромадам, ҳамшаҳриаш қиссаи оилаи ӯро гуфта дод.
Бечора Исрофил. Дар миёни ду санг монда будааст, ки ҳар замон ба чеҳраи вай абри андӯҳ соя меафкандааст. Ягона писараш олими физик будааст. Дар оилаи рӯҳонӣ ин аз нишонаҳои хушбахтӣ нест. Ба ҳамин қарибӣ, аввали моҳи рамазон занаш ҳам дар набудани Исрофил «ман аз ҳоли Шариф хабар гирифта меоям» гӯён мактубчае навишта монда, ба Ленинград, ба пеши писараш рафтааст. Шариф ба падаре ки муҳтоҷи кумаки моддӣ нест, мисли пешина ҳар моҳ пул мефиристад, мактуб менависад. Аммо мактубҳо дигар пештара барин нестанд, фақат дуои салом ва изҳори орзуи саломатии падар ва хешу табор. Акнун писар на тағйири касб кардани падарро талаб мекунад, на аз илму техника, шеъру фалсафа сатре менависад. Дуои салом, модар ва ман сиҳат-саломатем.
Саломатии туро хоҳонем. Вассалом.
– Ҷаннат зани хонанишин буд?
– Не-дия, дар кассаи вокзал билет мефурӯхт. Зан, ки кӯчагарду коркун шуд, оқибат ҳамин, – изҳори ақида кард мулло Зулфиқор.
То саҳар, то рафъ шудани таби Исрофил дар сари болинаш нишастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё