Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

таксиҳо барои мо бошанд ё на. Аммо ҳамсафарон ба талоши ҷой афтоданд. Ҳар таксӣ ҳафт нафарро мегирад, яке дар паҳлуи ронанда, се нафар дар курсии мобайн, се каси дигар дар курсии охирин, ки рӯ ба қафои мошин сохтаанд.
Исрофил ба мошинаи дигар нишаст. Ҳанӯз худро аз ман дур мегирад. Дили одамизод барин ҷинкӯчаи печ дар печ набудааст-дия дар олам… Хайр, намемурем, ягон рӯз аз ин асрор ҳам воқиф мешудагистем.
Ронандаи сайёраи мо ҷавони сиёҳҷурдаи араб, ки ба сар қарси сафеди шоҳӣ партофта, аз болои он чанбараки сиёҳи зарҳалкорӣ гузоштааст, дар гирди сайёра мунтазири ишораи сардорон қадам мезанад. Вай ба сӯи мо назарбаландона, ҳатто беэътиноёна нигоҳҳо меафканд. Ваҷоҳаташ мисли қассобони давлатманди қадимаест, ки аз бозор як рама гӯсфанд харида ба гӯшае бароварда мондаанду акнун дар гирди рама чарх зада, аз сарвати худ савлате доранд.
Аҷаб муносибате ба меҳмон.
Қиёфаи ӯ ба табъам нафорид. Ман ҳам қиёфаи писхандомезе сохта, кӯшиш кардам, ки муносибати худро ба ин ҷавони ҳавобаланд фаҳмонам. Дид, аз афташ. Бо тамкини ғозона чанд қадами дигар гузошта, ба паси мошин омад ва дари нисфаш шишагини моро яла карда гуфт:
– Таваҷҷуҳ.
Пас кнопкаеро пахш кард. Тиреза поён рафт. Кнопкаи дигарро пахш намуд. Тиреза маҳкам шуд. Ронанда гӯё «дидӣ давлати моро» гӯён аз чашмонаш шарора и ғурур пошида, якта қош парронид. «Оббо, гуфтам дар дилам, зӯр бинои ифтихор доштаӣ. Аз мошинаҳои мамлакати бегона фахр мекунӣ. Мо ҳам кнопкаи чунон мошину аппаратҳоро зер карда ба кор меандозем, ки тағои он сӯи уқёнусиат дар хоби шабаш ҳам надидааст».
– Сайёра Амрико? – гуфтам таваккалкунон.
Саволамаро фаҳмида. Ҳа, амрикоӣ гуфт.
– Мамлакат суфитӣ, – гуфта бо дастам тахмин ба самти офтоббаро ишора кардам, – милён-милён сайёра, тайёра мавҷуд. Кулли сайёра, кулли тайёра суфитӣ.

пешина
аз 247
навбатӣ