Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Шояд аз сабаби бисёрии мусофирон ва норасоии нақлиёт бошад, ки ба ҳар кадом автомобил ду-се баробар зиёдтар аз гунҷоиши муқаррарии он ҳоҷиён часпида гирифтаанд. Ҳатто ба боми кабинаи сайёрае ки ҳаҷман ба «ГАЗ-51»-и мо баробар аст, камаш чаҳор кас савор шудааст. Баъзеҳо пойҳои худро бар болои оинаи кабина дароз карда нишастаанд.
Аз канораи роҳ ҳар замон тахтаҳои эълон намудор мешаванд, ки ба забони арабӣ таъми хушу ғизои фаровони кокакола, пепсикола ва дигар нӯшокиҳои америкоиро таъриф мекунанд.
Дар ҳар чанд километр садде (шлагбаум) аз пеш мебарояд ва ронандаи сайёра шаш адад паспорти хориҷии моро, ки дар аэропорт ба ӯ супурда буданд, ба даст гирифта, ба будкаи полис меравад ва дар он ҷо ба навбат истода, ё агар аз ходимони полис шиносе дошта бошад, бе навбат ҳуҷҷатҳои моро аз қайд мегузаронад ва ба идомаи сафар иҷозат гирифта бармегардад.
Пас аз чоряк соат роҳ гаштан ба садди наве мерасем ва сайёраи мо аз думи қатори дарози сайёраҳо ҷой мегирад. Дар яке аз ин гуна истгоҳҳо дидам, ки одамони эҳромпӯш низ тамоку кашида истодаанд. Пас чаро ман аз ҳамин ягона дилхушии боқимонда даст бикашам? Магар ман аз мусулмонони Покистон ё галаҷазираи Малайя ҳам зиёдтар мусулмонам? Ба ин нуқта ҳатто худам шубҳа дорам-у. Пас гап дар ин ки муллоҳои тақводори мо дар риояи қоида ва қонунҳои шариат мехоҳанд ҳамаро ба як нӯл зананд.
Оллоҳназар сигарета кашидани маро дида, ба рӯям нигоҳи дурударозе дӯхт. Дар нигоҳаш аз ҳисси бародарӣ ва хайрхоҳӣ, ки сафари муборак бояд ба ҳар як ҳоҷӣ талқин мекард, нишонаи чандон фаровон набуд. Ман ба эҳромпӯшони хориҷие ки дар канори роҳ ё дар болои сайёраҳо нишаста тамоку мекашиданд, ишора кардам. Оллоҳназар ночор туфашро фурӯ бурду рӯй аз ман тофт.
Худоё, ҳеҷ умед надоштам, ки дар ин сафари шариф ту маро бо ин қадар мураббиҳои донишманду сахтгир иҳота мекунӣ, ки вазифаи душвори тарбияи бандаро ба дӯши худ гирифтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё