Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Дар ин сафари муборак ҳар қадар зиёдтар азоб кашем, ҳамон қадар савоб мегирем, – ману худро таскин медод Исрофил.
«Ин га пҳоро худам ҳам медонам, – гуфтам дар дилам. – Ёд дорам, ки қуръони маҷид мегӯяд: «Зиндагонии ин дунё саргардонии беҳуда, хобу хаёл асту бас, аммо ҳаёти он дунё барои бандагони порсо подоши муносиб хоҳад буд». Ба ин мазмун ояти бисёреро медонам, лекин бо вуҷуди он дилам хиҷил. Чунки қавли уламои мо одатан як асту корашон дигар. Саркардаҳои лашкари ислом вақте ки Осиёи Миёнаи моро забт карда, дини навро ҷорӣ мекарданд, ба гӯши мардум шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта талқин менамуданд: «Ҳой бандаҳои осӣ, бидонед, ки моли ин дунё бақо надорад. Ҳазор боғу бӯстону тахту тоҷу хазинаву анборатон ба як коса шарбати ҳавзи кавсар намеарзад». Аммо вақти баргаштан ҳар чиз ки ба назарашон афтод, мулоим карда гӯем, ба яғмо мебурданд. Саркарда як сӯ истад, ҳар як сарбози қатории араб аз тохтутозҳои динҷорикунӣ андаряк ба маблағи 30 ҳазор динор молу пули ғанимат меовард…
Ин андешаҳоро фақат аз дил гузаронидам, вале ба мулло Исрофил гуфтам:
– Каромат кардӣ, ноиб-ур-раисам!
Пас латтаеро аз мехи девор кашида, лӯнда карда аз болои болин гузоштам. Болин бисёр сахт буд ва сахтии бадани зочаҳоеро ки ба дарунаш аррамайда андохта шибба мекунанд, ба хотир мерасонид.
Ба зудӣ хоб наомад. Искандарро ба суҳбат ҷеғ задам.
– Наздиктар биё, азизам, ту дар куҷоӣ?
– Ана ман, ҷӯраҷон. Чӣ мегӯӣ? Эҳ-ҳа, ба дугтарошӣ омода шудаӣ-ку.
– Намегӯӣ, ки як мусофири дарафтодаро ақаллан бо ид табрик кунам…
– Идат муборак, ҷӯра. Ту балоча. Имрӯзу пагоҳ бароят иди баҳор… Баъд иди худат, яъне иди мубораки Қурбон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё