Гаҳворабахш

— Ҳе, фарзат сарата хўрад, мардак. Гапат аз даҳанат баромада, ба гиребони худат часпад! Аслаш, худи ман аҳмоқ мана кӣ гуфт, ки бо ҳамин гўлу гумроҳ савдои хом кунам?!
— Мегум, ки занак, ана акнун ақлат ба ҷояш умад, дар ҳакиқат гаҳворабахш савдои хум аст...
— Уф-фф... Ҳой, мардак! Гап бас!! Фарзандҳоямонро гаҳворабахш мекунем. Тамом, вассалом!
Падарам дид, ки намешавад, бо сари хам берун баромад. Модарам бо таассуф каллаашро ҷунбонда, боз як олам ғурбат карду дилашро холӣ намуд. Баъд зери лаб сурудеро замзамакунон ҷевонро кушод ва ду куртачаи наппанав гирифт. Ҳамаи бору бунаро ба як дастархони калон баст. Падарам омадан замон онро ба пушторааш бор кард ва гуфт:
— Шумо пештар раҳакӣ шавед, мардак. Ману Риёзбек ягон мошин ёфта, аз қафо расида меравем...
— Бува, хонаи холам мерем?
-Ҳа.
— Рафта чи кор мекўнем?
— Зиёфат мехўрем.
— Чува як дастархон чиз мебарем?
— Ниничая ба ту мехарем.
— Чува мехарем?
Модарам фаҳмид, ки аз саволҳои думибадум ҷои гурез нест, гапро яклухт кард:
— Ниния мебинию ачӣ-мучӣ мекунӣ. Сонӣ гўши Мўъминая мегазию «нинича азони ман» мегўӣ. Фаҳмидӣ? Лекин гўши вая сахт нагаз, анганг гиря мекунад...
Ҳавлии холаам пури одам буду агар додои Ғафур—амаки Алибойро истисно кунем, дигар ҳама дар бар куртаю эзори гулдор, дар сар рўймол доштанд ва дар айвони дарозрўя давра менишастанд.
Саъбабону ҳам аллакай он ҷо буд. Онҳо моро дидан ҳамон гуррӣ аз ҷой хеста, ба навбат модарамро ба оғўш кашида, гарму тасфон ҳолпурсӣ карданд. Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки ҳамаашон як-як хам шуда, пешонаи маро бўсида «Ана, домодпочо омаданд!» мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё