Гаҳворабахш

Баъде, ки ҳолпурсию бўсобўсӣ тамом шуд, модарам давида ба хона даромад ва ба занҳо рў оварда «ҳамаатон шоҳид, ана бинед!» гўён гирду болои оташдони сип-сиёҳу чип-чиркинро бо остини ҷомаи наппанаваш рўфта тоза кард. Вай дар ин асно, ба ҳама шунавонда, баландбаланд гап мезад:
— Ба Мўъмина холааш ана ҳамин хел хизматгору чўрӣ мешавад!
Мўяша ҷорўбу остинаша латта карда, ба арўс хизмат мекунад! Буду бозёфташа пурра ба хоҳарзодааш медиҳад!
Баъде, ки сари оташдон мисли оина ялаққосӣ шуд, модари Мўъмина бемадорона қадам монда, назди апааш омад. Вайро аз ҷояш хезонд ва бо овози хаста гуфт:
— Ҳай-ҳай: о, Шумо чӣ кор карсодед, холаҷонаш? Шуд, шуд, хезед! О, Мўъмина ба Шумо арўс не, духтар мешавад-а! Вай худаш мўяша ҷорубу остинаша латта карда, хизмати Шумоя баҷо меорад! Агар хости Шумо ҳамин бошаду агар мо—камбағалҳоя назару писанд карда, барои Мўъмина гардан хамонед, якто не, сад духтарама аз писаратон дареғ намедорам!
— Мўъмина дилу ҷону ҷигари худам! — овоз баровард модарам.—Аз вай хубтару беҳтараша аз куҷо меёбам?
— Риёзбек ҳам нури чашму қуввати дили ман!—холаам дар ширинзабонӣ аз модараи камӣ надошт.—Ману амакаш Риёзбека қатори фарзандҳои худ медонем. Ҳамин хел не амакаш?
Ҳамаи чашмҳо баробар ба рўи амаки Алибой дўхта шуданд.
— Албатта ҳамин хел,—ҷавоб гардонд вай солорона.—Ғафурбеку Риёзбек акаву додар!
Дар ҳамии асно яке дидам, ки модарам бо ишораи сар ва имои чашм падарамро ким-чӣ фармуд ва ў беҷуръатона назди падари Мўъмина омад.
- Ҳардуяшон акою додар гуфтед, боҷа?
— Ҳа, боҷа. Ҳар дуяшон акою додар...
— Ин хел бошад, боҷа... — падарам чӣ, гуфтанашро надониста, имдодталабона сўи модарам нигарист ва мушти ғунчаю абрўи гиреҳбастаи ўро дида, боз ҳам телбатар шуд.—Ин хел бошад, боҷа...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё