Гаҳворабахш

Ба ман Худо дод. Аз гапи занакҳо як курта гўшт гирифта, рухсораи Мўъминаро гаштаю баргашта мебўсидам. Вале дарҳол аз ин кори худ шарм дошта, оҳиста тарафи кампираку шариконаш нигаристам.
Хайрият, акнун занҳо маро бо пушти сарашон медиданд! Нигоҳи ҳама ба дастони Саъбабону банд буд. Вай дастархонбухчаро кушода, куртаю эзорҳоро болои гаҳвора партофт ва «Ба соҳибаш насиб кунад. Ҳазору якто ин хелу дигар хелаша пўшида, дарронад!» гўён ду каф қанду мавизро ба кисааш андохт. Ин амали вай ишорае ба ҳуҷум шуд ва занакҳо бо нидои «Гир, тала!» баробар ба дастархон ҳамла карданд.
Баъди як зум аз нону ошу қанду чалпак нишоне ҳам намонд...
Ҳамон рўз то нисфи шаб дар атрофи Мўъмина парвона будам. Агар вай бедор шуда, гирья кунад, гаҳвораро ҷунбонда, мисли холаам «Аллаё, алла» гўён суруд мехондам. Хобаш, ки бурд, ҳамаро маҷбур мекардам, ҷиму им шинанд. Дар охир кор ба ҳамин дараҷа расид, ки ҳатто Ғафурро ҳам аз назди гаҳвора рондам.
Рўзи дигар Мўъминаро ҳамроҳи худ ба хона бурданӣ шуда, домани холаамро маҳкам доштам.
— Мўъминая аз гаҳвора кушоед, хола!
— Барои чӣ, Риёзбек?
— Худам катӣ хона мебарам...
Аз чӣ сабаб бошад, ки холаам баланд хандида, ҳар ду рўямро гарм-гарм бўсид ва гуфт:
— Калон шавад, сонӣ мебарӣ-дия...
— Не, ҳозир мебарам! Кушода тед!
— Қобил шав, ҷони хола. Мўъмина азони худди худат. Лекин, мон, ҳозир вай аз хоб сер шавад. Пагоҳ худам ба хонаатон гирифта мебарам.
— Дурўғ нагўед!
— Не, ҷони хола...
Рўзи дигар аз пагоҳии барвақт чашминтизор истодам. Аммо шаб фаро расиду аз холаам дараке нашуд.
— Бува, чува холам Мўъминая наовард?
— Барои он ки ҳоло Мўъминая аз хона баровардан мумкин не...
— Чува мумкин не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё