Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Барои он ки Мўъмина ҳоло лўлаки бачилла. Чиллааш буд шавад, сонӣ аз хона мебароранд.
— Яъне, дина холаам дурўғ гуфтааст-дия...
— Вай дигар илоҷ надошт, бачаҷон. Умуман, ту минбаъд каллаи холаатро ин қадар гаранг накун! Аз ёд набарор: Мўъмина калон шавад, сони ба хона мебиёрем. Фаҳмидӣ?
— Ҳа. Лекин то калоншавиаш чӣ кор мекунем?
— Доим хабаргирон меистем.
— Ин дафъа кай хабаргирӣ мерем?
— Рўзи чоршанбе.
— Чува пештар не?
— Панҷшанбе-рўзи дамгирии ман, бачаҷон. Як шаб дар хонаи холаат хоб рафта, бемалоли хотир чақ-чақ карда мешинем...
Рузи чоршанбе модарам як танўр фатири равғанини ҷаззадор баст ва ҳардуямон шабхобравӣ рафтем. Ба хонаи холаам расидан ҳамон ҳама чизро фаромўш карда, ба Мўъмина часпидам. Яъне, ба қавли падараш, вайро аз хурдӣ ба худ дастомўз мекардам...
Чоршанбеи оянда модарам оши равғани зағир пухт...
Чоршанбеи дигар модарам аз чормағзу бодом ҳалво тайёр кард...
Ман фаро расидани чоршанбеи навбатиро бетоқатона интизорӣ мекашидам. Вале ин дафъа мо шабхоравӣ рафта натавонистем. Ба ин падари Азиз сабабгор шуд...
Дарвоқеъ, бо Азиз шинос шавед. Вай набераи Саъбабону аст. Ҳар дуямон ҳамсолу ҳамсояем. Доим якҷоя бозӣ мекунем. Дирўз низ дар подаҷо нишаста, аз лой девору аз санг қалъа ва аз чўб манора сохта, роҳзанбозӣ мекардем. Дар ҳамин асно падари Азиз харсавор пайдо шуда омад. Вай моро оғўштаи чангу хок дида, аввал як ҳақорати дастабиринҷӣ карду баъд чўбдасташро ба сари Азиз бардошт. Аз тарсу алам ҳардуямон баробар ба гиря даромадем ва ашки шашқатор масъаларо ба фоидаи мо ҳал намуд. Амон-амак аз карда пушаймон шуд магар, ки «Ин қадар винг-винг накарда, биёед, ба хар савор шавед»
гуфт.
Кадом бача аз харсаворӣ рў тофтааст? Мо дар як он ҳама чизро фаромўш карда, болу қанот бароварда, бо мадади Амон-амак пешу қафо ба гўшдароз савор шудем ва ба калонҳо тақлидкунон ба паҳлушиками он баробар кафоӣ зада, «Хӣ, ҷонвар»!

пешина
аз 80
навбатӣ