Гаҳворабахш

гуфтем. Хари ҷавмаст яку якбора ба пеш ҷаҳид ва мо ... мувозинатро гум карда, ба замин чалпак шудем.
Аз дарди ҷонкоҳ ба худ омада, базўр чашм кушодам. Марди салладори ришсафеде ба оринҷи дасти чапам як чизи обакии лағжонак молида, модари чашмгирьёнамро таскин медод.
— Ором шавед, Ибодатхон! Тухм тезҳол фоида мебахшад. Ғайр аз ин, устухони бача ҳам даррав месабзад. Як моҳ нагузашта, дасташ аслӣ қадим мешавад.
Гапи табиб рост баромад. Лекин рўзи сеюм ё чорум хеле сахт азоб кашидам. Аз дарди даст не, аз гапи Азиз. Вай ланг-лангон маро хабаргирӣ омаду пурсид:
— Дастат ҳоло ҳам дард мекунад?
— Агар ҳеҷ кас нарасад, аҳ дард намекунад. Пои ту чӣ?
— Кам лат хўрда буд, аллакай дуппа-дуруст шудагӣ.
— Дарди бахайр будааст.
— Рост мегўӣ, ҷўра. Лекин кори ту чатоқ!
— Барои чӣ?
— Намебинӣ, ки дастат дар гарданат кашол? Акнун то охири умр ҳамин хел мемонад!
— Ту чиҳо мегўӣ? Гапат хато...
— Ин гапи ман не, очаам ҳамин хел гуфт! Азиз лаҳзае хомўш истоду баъд бо азобе аз ҷой хест ва пеш аз рафтан болои сўхта намакоб пошид:
— Ана ҳамин хел, ҷўра, акнун ту Риёзи якдаста шудӣ! Акнун падару модараш... Мўъминая ба ту наметиянд... Хайр, ман рафтам, лекин ту зиқ нашав, чўра...
Зиқ шудан ҳам гап шуд магар? Дилам дег барии сип-сиёҳ гардид.
Кўрпаро болои сар кашида зор-зор гиристам.
Модарам чашмони варамидаи маро дида, безобита шуд.
— Дастат сахт дард мекунад, бачаҷон?
— Не.
— О, чашмакот суп-сурх-у!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё