Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Эй паричеҳраи бунафшамўи хурзод! Гиромӣ равонам фидои ту бод! Ба ту фархунда бод айёми ман, берун мабод аз меҳри ту коми ман! Дилам бод пайвастаи меҳри ту, танам бод шоистаи чеҳри ту!
Эй меҳрубон ёру ҳушёр ҷуфт! Фидои ту дорам ҳаме хештан! Ман мемурамо зи таффи дили ишқи бечорагӣ, зи нолидану ҳаҷру ғамхорагӣ... Лекин бигзор дили ту ҷовидон аз ғам озод бод!
Эӣ гули раънои саробўстони ишқ! Бархез! Чӣ хусбӣ, ки ҷаҳон мегузарад... Музтарибҳол нагардон мани саргардонро: бикшо садаф, яъне даҳан; афшон гуҳар, яъне сухан...
Ало, эй насимуссабо, марҳабо!»
Дар рўи конверт расми гулу дили пайконхўрдаро кашида, мактубро бо ҳазор зҳтиёт ба қуттии почта партофтам. Тахмин баъди ягон моҳ аз Мўъмнна ҷавоб омад. Номаи вай мухтасар буд:
«Мактубатонро гирифта, гаштаю баргашта хондам, Лекип рости гап, ба мазмунаш дуруст сарфаҳм нарафтам. Мебахшед-дия... Аз ин гап хафа иашаведу агар ин дафъа мактуб нависед, илтимос, калимаҳои соддасоддаи ҳама медонистагиро истифода баред. ё ки худатои омада, мактубатонро хонда, мазмунашро гуфта диҳед... Хуб?»
Бо лабханд китобу луғатҳоро аз болои миз ғун карда, аз нав қалам ба даст гирифтам, Ин дафъа калимаю ибораҳоро аз каллаи худ ёфта, мувофиқи талаби гаҳворабахши соддафаҳм як мактуби муқаррарӣ навиштам:
«Мўъминаи азиз, салом. Ба ту маълум ва равшан шавад, ки ман дар шаҳри мусофирӣ сиҳат ва саломат мебошам... Мўъмина, медонӣ, туро чунон пазмон шудаам, ки мондан гир... Ҳамеша фикри ту дар сарам аст, доимо бо ёди ту дар кўчаю хиёбонҳо каҷу килеб қадам мезанам. Аммо...
чеҳраи туро пеши назар оварда наметавонам. Зеро лоақал як сари мў тасаввуре надорам, ки акнун чи рангу ҳол дорӣ... Бинобар ҳамин, агар имкон бошад, ҳамроҳи ҷавобия як сурати худро фиристон. Илтимос.
Хайр. Хат расад, тез ҷавобаш гардад».
... Лифофаи аз деҳа омадаро оҳиста кушода, аввал ҳарисона ба акси Мўъмина дида дўхтам ва тарбуз аз бағалам афтид: аз сурат як духтарчаи тахминап даҳсолаи ошолудакак, ки кокулчаҳои якваҷабӣ дошт, гардани ресмон баринашро каҷ карда, даҳонашро калои кушода дандонҳои афтидаашро намоиш дода, ба тарзи хандаоваре сўям менигарист.

пешина
аз 80
навбатӣ