Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Воаҷабо, худаш чӣ гап?
Саросема мактубро чашм давондам. Мўъмина баъди дуою салом узромез навишта буд: «... Азбаски дар деҳаамон ҷои суратгирони нест ва ба ин карибиҳо шаҳр рафта наметавонам, ноилоҷ ҳамин расмро, нолоиқакак бошад ҳам, ба Шумо мефиристам. Онро ҳангоми дар синфи сеюм хондан гирифта будам...»
Ин кори Мўъмина аввал ғашамро оварду баъд хандаамро. Баркасди вай қарор додам, ки худи ҳамин рўз ба устохонаи суратгирӣ рафта, расми рангаи фасон мегираму онро ба ии духтараки соддаи кишлоқӣ фиристода, ба ин восита ба фарқи сараш як калтак мезанам...
Бо ҳамин ният аз ҷой хеста, даставвал ба тахт кардапи сару либос машғул шудам. Аз Шараф куртаи нейлони сурх, аз Фарҳод галстуки кабудранги алобуло, аз Эҳсои ҷемпери зард ва аз Ҳасан костюми навашро талабида омадам. Сипас як соату боз пичӣ назди оина нишаста, ҳам худамро ва ҳам мўйсарамро ба тартиб овардам.
Баъди сад фоиз, табъи дил, омода гардидан, калидро гирифтанӣ шуда, ба киса даст андохтам ва ба тану баданам мурғак дамид: ёдам омад, ки дар киса ҳамагӣ се сумакак пул дораму то стипендия як ҳафтаи дигар ҳаст...
Чӣ бояд кард? Савори аспи андеша будам, ки дари шалаку рангпаридаи хонаамон ғичирросзанон кушода шуду як духтараки миёнақади сабзина бе пўшт-пўшт дарун даромад ва сурати Мўъминаро аз рўи миз чанг зада гирифт.
— Ин шайтонча кӣ?
Бовар кунед, он чӣ метарсидам, ба сарам омад! Чӣ ҷавоб доданро надониста, хапу дам меистодам. Лаббай? Не, фикратон хато, дўстон даррав гумони бад набареду лаб инҷ карда, бо тамасхўр «Маҳбубаи Риёз ана ҳамин» нагўед! Ин духтараки абрўсиёҳи кулчарўӣ маҳбубапаҳбуба не, Малоҳат аст. Ҳар дуямон ҳамкурс. Дар хонаҳои ҳамшафат зиндагӣ мекунем.
Вайро аввалин маротиба дар вақти имтиҳони қабул, ҳангоми иншонависӣ дида будам. Ои рўз куртаи гули анори остиндарозу доманфарох пўшида буд. Дар сар тоқии рангаи гўлнақше дошт. Дар нўки кокулони кўтоҳ-кўтоҳи майдабофаш шил-шилаи сиёҳранги ресмонӣ ба назар мерасид.

пешина
аз 80
навбатӣ