Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ма аз дигар чиз хавотир будам: кадом духтарн «кулўхрўй»
маро суроғ карда бошад?
Баъди даҳ дақиқа маълум шуд, ки ип духтарак ҳамон... Малоҳат будааст. Вай дафтари муқовакабудеро дароз карда, бо овози пасти маҳин гуфт:
— Риёзбек, агар малол наояд, ҳаминро як бинед... Супоришро иҷро кардаму дилам он қадар пур не...
Дафтарро ба даст гирифта, аввал ба ҳусни хати духтар зеҳн мондам ва дафъатап қоил шуда «хататои хушрў будааст» гуфтам. Инро гуфтаму тоза ҳам дур бало мондам.
— Ҳой бефаҳми қишлоқӣ! — аррос зад Фарҳоди тароша.—Аввал хушомад нагуфта, меҳмонро аз боло гузаронда, ба курсӣ шинондан даркор! Фаросат дорӣ ё не?
Аз шарм олучаи навпаз барин суп-сурх шуда, тамоман дасту по гум кардам. Хайрият, ки худи Малоҳат маро аз ботлоқи хиҷолат зуд берун кашид.
— Ҳеҷ гап не, ака, зиқ нашавед!—шасти Фарҳодро гардонд вай.—Ман баъди як нафас меравам... Ана, дар лаби ин курсӣ шишта меистам.
Малоҳат масъаларо аз ман беҳтар ҳал карда буд. Фақат як хатои майдаҳаке дошт. Онро зуд ислоҳ карда, дафтарро пас гардондам ва кўтоҳакак «Дигар ҳамааш дуруст, офарин!» гуфтам. Малоҳат бо чеҳраи шукуфон миннатдорӣ баён карду аз қафои худ дарро бесадо пўшид.
Силтави Фарҳод боз маро ба худ овард:
— Ҳой бефаҳм! Духтарро гусел кардан даркор!
Давида ба долон баромадам. Он ҷо аллакай об зада рўфтагӣ буд...
Рўзи дигар, аз рўи маслиҳати Фарҳод, сар хам карда, аз Малоҳат барои беодобии шабина узр пурсидам. Ғайричашмдошт, вай саҳле ба шўр омад:
— Дила васеъ гиреду каллая баланд бардоред, Риёзбек! Ман ҳам шумо барин одами кўҳистон. Духтари городскои стилнӣ не... Услубу одоби шаҳрро кам-кам ёд мегирем... Оҳиста-оҳиста одами маданӣ мешавем...
Баъди чанде семинарҳо сар шуданду ҳамкурсонам ҷуфт-ҷуфт ба китобхона рафта, ҳам тайёрӣ медиданд, ҳам «чашмаки ман—чашмаки ту» карда, бухси дил мебароварданд. Онҳоро дида ҳавасам меомад.

пешина
аз 80
навбатӣ