Гаҳворабахш

Ў бо сару гардани арақшор менавишту хат мезад, аз нав менавишту боз хат мезад. Азобу машаққати вайро дида, беихтиёр аз дил гузаронидам, ки аз имтиҳони нахустин сарозер меафтад. Аммо ин хел нашуд. Дар рўзи эълоншавии баҳо маълум гардид, ки аз байни шашсаду панҷоҳ кас ҳамагӣ як нафар баҳои аъло гирифтааст. Суроғ карда фаҳмам, он одами хушбахт ана ҳамин духтараки кўҳистонии шилшиламўй будааст. Баъди якуним моҳи таҳсил мо ҳамгап шудем. Дар танаффуси калон вай беҷуръатона назди ман омад ва аз шарму ҳаё мисли лола суп-сурх шуда, оҳиста пурсид:
— Риёзбек, мабодо-ку дафтари зиёдӣ надоред?
— Дорам. Чӣ буд?
— То бегоҳ якто қарз дода истед..
— Марҳамат...
Чашми бад нарасад, сўҳбати якуми мо нағзакак қаймоқ баст. Дар омади гап, он хулосаи соддалавҳонаи худ ва фиреб хўрданамро гуфтам.
Малоҳат завқ бурда, хуб хандид.
Ҳамон рўз, иттифоқан, муаллим аввалип кори мустақилона супурда буд. Баъди дарс рост ба китобхона рафта, супоришро чала-чулпа иҷро кардам. Сонӣ кино даромада, тахмин соати даҳи шаб ба хобгоҳ баргаштам.
— Як ҳамкурсат ду бор туро пурсид, — хабар дод Фарҳод.— Вай гуфт, ки боз меояд...
— Писар буд ё духтар?
— Як духтари кулўхрўй...
Дар синаам ким-кадом мавҷ худ аз худ хуруҷ кард. Гардиши хуну тапиши дилам яку-якбора зиёд шуд. Нафасгириам номўътадил гардид.
Чӣ гуфтану чи кор карданро надониста, гаранг мондам.
— Чӣ рост меистӣ?—пурсид Фарҳод.—И-е ина бинед-а: бўи духтара фаҳмида, худаша бутун гум кард-ку! Қуҷои ин студенти гўшлахтак? Ё тавба...
«Гўшлахтак» гуфтани Фарҳод, ки маънояш «гўсолаи гўшбурида» аст, ба ман он қадар сахт нарасид. Зеро ин лақаби доимии студентони курси якум аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё