Гаҳворабахш

Ааввалҳо аз Мўъмина нома турнақатор меомад. Сонитар ҳавсалааш ях баст магар, ки кам-кам менавиштагӣ шуд. «Шакара камаш ҳуб» гуям, баръакс, ҳама кор бемазза гардид. Аввал ана ин номаи дилғашхуронак омад. «Шаб ба хобам даромадед, — менавишт кампири ояндаам — Ҳардуямон дастибадаст дар кўчабоғ саёҳат мекардем. Дар ҳамин асно аз ким-куҷо як духтари олуфта пайдо шуду маро тела дода, Шуморо дигар тараф гирифта бурд. Аз ҳавлу тарс дуқат парида, бедор шудам.
Ман, албатта, ба хобу таъбираш он қадар бовар надорам. Аммо, ба ҳар ҳол мағзи дилам сип-сиёҳ... Ба хаёлам, Шумо оимчаҳои шаҳрӣ қатӣ маишат карда гаштаед. Ҳамин хел ё не? Тез ҷавоб гардонед, ки дилу ҷигарам лав-лав месузад»...
Барон он ки дилу ҷигари Мўъминаи бадрашк сўхта, хокистар нашавад, худи ҳамон лаҳза ҷавобаш гардондам. «Азизам, беҳуда дилтанг нашав!
Шубхаю гумони ту асос надорад. Ин хел фикру хаёли ботилро аз майнаат пок карда, ҳар қадаре ки тавонӣ-дуртар ғуррон! Фаромўш накун, ки мо аз тифлӣ ҳамтақднрем ва ҳамроҳ, дастобагардан, то ба пири мерасем! Дар ин дуньёи гузарон ягон қуввае нест, ки моро аз ҳамдигар ҷудо карда тавонад! Мўъминаи азиз! Ба қавли мардонаи ман бовар намою то абад аз Риёзи қаддароз дилпур бош! Имони ман комил ва азми ман мустаҳкам асту боқимонда ҳама гапу кор ба ту вобаста...»
Тахмин баъди даҳ рўз аз Мўъмина ҷавоб омад. Аз тарзи навишт ва хатоҳои зиёди имлон маълум буд, ки он саросемавор дар ҳолати асабоният навишта шудааст. «Мактуби саломати аз М. ба Р. Мактуби охирини Шумоя хаткашон ба дасти падарам оварда дод. Хеле изо кашидам. Замин накафид, ки дароям... Болои сухта намакоб дугонаҳо хатнависии ҳардумоя фаҳмида, ба ман «Лайлии асри бист» лақаб мондагӣ. Писарако ҳам баҳудаю беҳуда мазоҳу масхара мекунанд.
Қисса кутоҳ, маслиҳат ҳамин ки дигар ба ман хат нанависед. Ҳангоми таътил деҳа оед, бамаслиҳат ягон илоҷ меёбем. Хуб? Хайр».
Ана тамом: ягона воситаи алоқа бо гаҳворабахш ҳам канда шуд! Аз афташ, гапи Малоҳат дуруст барин: Мўъмина каси дигарро дўст медорад. Бинобар ҳамин, бо ҳазор шеваю баҳона, бо ман мукотиба кардан намехоҳад... Аз хашму ғазаб дир-дир ларзида, ҳам мактуби Мўъмина, ҳам квитансияи суратро реза-реза карда, аз тиреза ҳаво додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё