Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сонӣ бо дили ях барин сард барои билетхарӣ ба кассаи «Аэрофлот» рафтам: охир, баъди як ҳафта таътили зимистона сар мешавад! Дар назди касса дуд аз димоғам баромад: маълум шуд, ки ҳам сурати Мўъмина, ҳам квитансияи сурат ва ҳам пули билетро ҷаҳлоҷаҳл даронда партофтам...
Одамони дипломдор давраи студентиро пораи тиллоии умр меҳисобанд. Ақидаи ман ҳам чунин аст. Фақат ба тариқи илова ҳамин қадар гуфтаниям, ки лаҳзаҳои беҳтарини ин давраи тиллоӣ ба... рўзҳои таътил рост меояд. Зеро студенти бечора аз лағмони беҷурғоту обшўрбои камнамаки ошхонаҳои шаҳр дилгиру бефараҳ гардида, ҳангоми таътил ба болои деги оши серравғану ҳавзи шакароби муфт меафтад ва дар бадали ҳафт-ҳашт рўз барои супурдани ҳафт-ҳашт имтиҳону санҷиш қувваю ғайрат ҷамъ мекунад.
Ман миз аз тоифаи бомазахўракҳо истисно нестам ва гарчанде бо айби Мўъмина дили ранҷуру ҳавоси парешон дорам, бо вуҷуди ин банавбат манзили ёру дўстонро чарх зада, чени тақдиркардааш насиба мечинам.
Масалан, имшаб дар хонаи муаллим Комилзода меҳмон будам. Дукаса дар хонаи нимторик як табақ оши сергўшти қаламфурдорро покпокиза лесида, чақ-чақ карда шиштем.
Ҳангоми бозгашт бо ҳамсояамон Азизбой, дурустараш, бо ҳамсинфам—ҳамон Азизи пастаки фитна дучор омадам. Ногуфта намонад, ки ҳоло ў корманди савдо буда, дар буфети ташкилоти сохтмони байниколхозӣ чашмбандӣ мекунад. Вай нони гарми бедардимиёнро нағзакак ҳазм карда, чунон як кулўлапаҳлавони рафидаруе шудааст, ки ҳаваси кас меояд... Ин тоаи дилозори ман дар хараки қади роҳ яккаву танҳо нишаста, сигарета дуд медод ва маро дидан замон «Эҳ-ҳе, Мулло-риёзбек омадаги-ку!» гўён дили нохоҳам аз ҷой хест. Дастоашро мисли қаноти хурўс аф-шонда, маро аввал сахт ба оғўш кашиду сонӣ озод боло бардошга, чор-панҷ маротиба фир-фирак барин чарх занонд.
Аз чанги гирон Азиз миёнро базўр халос карда, беҳолона ба паҳлуяш нишастам.
— Дар ин бевақтӣ аз куҷо меоӣ? — пурсид вай сигаретаи нав даргиронда. — Кайфат ҳам тарапг...

пешина
аз 80
навбатӣ