Гаҳворабахш

— Чӣ, ин қадар ба хаёл рафтӣ? Мабодо ягон баҳона наёб, ки намегузарад, ҷўраҷон! Фардо албатта ба хона биё!—бори дигар, дурустаак таъкид кард Азиз ҳангоми хайрбод. — Агар наоӣ, то охири умр аз ман соф намешавӣ...
Шарти сахти Азиз кори худро кард...
Дар се тарафи дастархони пурнозу неъмат ману Азиз ва падараш менишастем. Сўҳбатамон аз аввал ночаспон буду ҳеҷ шира нагирифт.
Ҷавобан ба саволи падари Азиз дар боаи институтамон чор ҷумла гап задаму халос. Азбаски дигар ҳеҷ кас ҳеҷ чиз напурсид, ман ҳам мум газида, як тор риштаи бари дастархонро ба ангуштчаам печондаю кушода дурмадароз ба сукут рафтам. Дурўғ нашавад, дар ин байн аз Амон-амак пинҳонӣ ду-се маротиба бо пуштнохуни ангушти ишоратӣ бе-хи гарданамро тип-тип зада, мисли гунгҳо, аз Азиз талаб кардам, ки агар арақ-парақ дошта бошад, барорад. Вай ҳам хомўшона бо ишораи абрўвон падарашро нишон дода, бо аломати инкор ба чапу рост калла ҷунбонд.
Ноумед ва дилтанг гардида, Азизро ба гап андохтанӣ шудам:
— Ку, Азизбой, гап зан: кору борат чӣ хел?
— Бад не, мешавад,—ҷавоб гардонд вай солорона ва зуд илова кард:— Канӣ, ба дастархон нигар, ҷўра. Аз ин қандалоту меваҷот даҳон ширин кун...
— Беташвиш бош, ҷўра. Ман баҳузур, чаққон-чаққон, гирифта истодаам. Беҳтараш, гўй, ки ин касби интихобкардаат ба худат маъқул?
-Ҳа.
— Маошаш чанд?
— Он кадар мўл не, лекин ба зиндагӣ мерасад.
— Лояш чӣ?
— Рости гап, кирои гап не...
Аз чунии муомила ҳавсалаам пир шуд. Як даҳон нон газида, боз мўҳри хомўшӣ ба лаб задам...
Баъди адои намози пешин момои Азиз, ҳу ҳамон Саъбабонуи мўяш мошу биринҷ наздамон омад. Вай омаду оташаки сўҳбати хомўшгардида ҳамон замон фурўзон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё