Гаҳворабахш

Атрофиён аз ин ҳол андаке ба завқ омадапд. Аммо ба Азиз худо дод: вақте ки вай мад кашидаю махраҷдор карда «қади дароз-балои ҷон!» гуфт, гулдурроси ханда баланд шуд. Ин луқмаи беозор ҳамон лаҳза «болои сўхта-намакоб» гардид ва ҷонамро ба лаб овард:
— Ҳоло ба ту гап нарасидааст, пастак! — бо қаҳру алам хитоб кардам.
— Ҷимакак шин, бодаш набарояд!
— Қадам баланд гуфта, иқа баланд напар! — паст наомад Азизи пакана.
— Мардуми қадим «одами қаддарозу ҳайвони гўшдароз-аблаҳ»
гуфтаанд!
Мавҷи ханда аз нав баланд шуд. Оташи ғазаби ман ҳамчунин.
— Ҳой, пастак! Забон дорам гуфта, ин қадар ҳазьён нагў! Магар намедонӣ, ки одами намакаш паст-қадпаст мешавад!
— Лекин одами қадбаланд кўр мешавад, каллаашро нодид ба ҳар шоху шиппа задан мегирад...
Атрофиён, ки ҳамаашон аз ман як.сару гардаи пастапд, боз баланд хандида, ғаши маро оварданд. Охирин аслиҳаи худро ба кор андохтам:
— Ҳар чӣ ки набошад, духтарҳо бачаҳои қадбаланда нағз мебинанд!
— Хока! Духтарҳо ҷавонҳои ҳамқади худашона нағз мебинанд. Аз ту барин қадманор ҳамаашон безор!
— Номаъқул кардӣ, пастак! Дониста мон: одами қадбаланд меваи шохи баланда мехўрад. Ба одами кадпаст пасмондаи зоғу зақан, мерасад!
Худат номаъқул кардӣ! Меваи шохи баланд насиби санҷоб аст. Ба аккаи думдароз бало мерасад!
— Ба худат бало мерасад! Ҳоло дида меистӣ: ягон духтарак туя назару писанд намекунад. Бе зану бачаю кача аз дунё мегузарӣ...
— Уҳу-у, боз аз ҳад баланд паридӣ, лайлаки беболу пар! Фаромўш накун, ки «қаддароз лаб-лаби бом пастако кора тамом!» гуфтаанд.
Худат дида меистӣ: духтараки очааш мучӣ нокарда насиби ман мешавад!
— Зинда бошем, мебинем, пастак! —Албатта, мебинем, лахтак!
Ана, аз ҳамон рўз ин ҷониб ману Азиз — ноошно. Лекин вай имрўз якум шуда гап сар кард. Яъне таслим шуд. Мантиқан, агар ба ҳавлиашон наравам, номардӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё