Гаҳворабахш

— Лекин... Муллориёзбек, шумо ин гапҳоя асло ба дил нагиред!— Саъбабону мулоимхунукона хандид. — Шумо холадухтари худатон қатӣ гаҳворабахшу инро ҳама медонанд. Дар урфият «амак» ба ҷои падар, хола ба ҷои «модар» мегўянд. Барои ҳамин, азбаски дигар илоҷ надоред ва замин сахту осмон баланд аст, холадухтаратон шуморо нахоҳад ҳам, дигар касро дўст дорад ҳам, худро ба нодонӣ зада, вайро ба занӣ мегиред-дия...
Аз ин гапи тарошамонанд як қад паридам,
— А? Чӣ гуфтед, оча? Мўъмина дигар касро дўст медорад? Ип гапро аз кӣ фаҳмидед?
— Ин қадар тез нашавед-дия, Риёзбек! Ҳамту, дар омади гап гуфтам...
як ман не, дигарҳо ҳам чунин мегўяид.
— Онҳо чӣ мегўянд? — пурсидам саросемавор. Зеро медонистам, ки Антенабону ҳеҷ вақт беасос гап намезапад.
— Ҳар хел гапу гапчаҳо мегўянд. Лекин шумо даррав дил бой надиҳед.
Раваду ҳамаи ин гапҳо чилдурўғ бошад...
— Ман ҳам чунин гумон дорам. Аммо... Дарвоқеъ, Шумою Мўъмина холабача-а? — Амон-амак асрорангез табассум кард. — Бо... Ин тарафи масъала ҳам чатоқ будааст-дия...
Дар интизори боз як хабари нохуш дилам хала заду вуҷудам ларзид.
Лекин Амон-амак бепарво буд. Аз шифт чашм наканда, ба оҳанги дилгиркунанда гапашро давом дод:
— Аз ким-кадом кас шунида будам, ки бо ҳамдигар ҷуфт шудани хешони наздик, махсусан, холабачаю амакзодаҳо ҳеҷ мумкин не...
Чунки онҳо акаву хоҳар барин будаанд...
— Журнали «Занони Тоҷикистон» дар ин бора мақола чоп карда буд,
— ба гап ҳамроҳ шуд Азиз. — Як доктори илми тиб аз ҳар куҷо мисол оварда, исбот мекард, ки он тоифаи одамон ҳамхун мебошаид. Бинобар ҳамин набояд бо ҳамдигар зану шавҳар шаванд...
— Хайр бас! Бало ба паси ин гапҳо! — Овози омиронаи Саъбабону ҳамаро ба хомўшӣ водор кард.—Хез, Азиз, ба дастҳо об рез! Ош кўҳнадам шуд!
Зиёфат ба поёноби ҳаммом табдил ёфт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё