Гаҳворабахш

Беҳолу бемадор қадам зада, бо дили пураламу ақли саргардон ба хона баргаштам. Ҳавлии на он қадар калони мо беодам ва ҷим-ҷит буд.
Маълум, ки модарам ҳанўз аз база наомадааст, падарам чун ҳамеша оташхонаи ҳаммомро метасфонад. Сигарети аз Азиз талабидаамро оташ гиронда, муддате дар лаби кати айвон пойҳоямро алвонҷ дода нишастам, Мурғи хасли ман дар осмонҳо парид-париду оқибат бол афшонда, хонаи холаам фуромад. Манзараи рўзи гаҳворабахш аз пеши назарам даргузар шуд. Сипас шўхию бозиҳои худро бо Мўъмина, алафдаравию молчарониҳои якҷояамон ва рўйдодҳои давраи мактабиро кам-кам ба ёд овардам. Аммо ҳарчанд кўшиш кардам, «Мўъмина дигар каса дўст медорад» гуфтани Саъбабону, «Зану шавҳар шудани холабачаҳо—номумкин» гуфтани Азизу падараш аз бехи гўшам дур нашуд, Уф ф... Эҳ, дунё! Дунёи бевафо! Чӣ кор кардӣ? Аз ман чи гуноҳ гузашт, ки ин қадар бераҳмона ҷазо медиҳӣ? Акнун чӣ кунам? Ин тараф гардам-ҷар, он тараф гардам ғор! Гапи Очасаъба дуруст: замин сахту осмон баланд...
Ба ҳар ҳол чӣ бояд кард? Тадбир чист? Бо холадухтарам, бо ин духтараки дарунторик ҳамхона шавам? Раваду ҳақиқатан ҳам вай ба дигар кас дилкашол бошад. Он гаҳ зиндагӣ чӣ хел мешавад? Ҳаром мешавад! Гапи падари Азизу мақолаи докторро баҳона карда, гаҳворабахшро вайрон кунам? Он гоҳ чӣ мешавад? Аз холаю холабачаҳо якумр ҷудо мешавам, ба мурғи бсболу пар табдил меёбам!
Эҳ, дунё...
Булбул ба чаман, нолан булбул ба чаман, Сад нолаи бул бул асту як нолаи ман...
Хаёлоти ғамолуда, ки чун хори нўгтез ба дил халида, ҷигарамро мезирбонд, кори худро кард: чеҳраи умеди ман ранги заъфаронӣ гирифт ва тамоми орзую ниятҳоям дар як он об шуда, буҳор гардид. Ва дар мобайни ин абри бухор яке чеҳраи зебои Малоҳат намудор шуд.
Вай муддате дар ҳаво муаллақ истода, шаҳдомез сўям нигарист. Сипас сабук парида, ба паҳлўям фуромад ва бо оҳанги ширину гуворо сухан оғоз кард:
«— Хўш, гапам рост баромад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё