Гаҳворабахш

Умуман, бува, дониста монед: ин фикр, ки аз каллаи худатон баромадааст, ҷабру ҷафояшро ҳам худатон мекашед! Ман гаҳворабахши дарунторикро на ин ки ба занӣ, балки ба як пули пуччак ҳам намегирам!
— Тавба гўӣ, бачаҷоп, тавба гўӣ! Холадухтаратро пешпо назан, ки сахт пешпо мехўрӣ...
— Маро натарсонед, бува. Охир, вай духтарак безеб бошад, гуноҳи ман чист? Одам хўроки дилҷўстаашро мехўрад. Чизи дилнокаш насиби...
— Ҳай-ҳай-ҳай! Аз ҳад нагузар, бачаҷон! Куҷои Мўъмина безеб будааст?, О, ҳусни вай бахироҷи мамлакат меарзад-а! Кокули дароз?
Дорад. Қомати расо? Дорад. Чашмони шаҳло? Дорад. Боз ба ту чӣ даркор? Ғайр аз ин, бачаҷон, аз ёд набарор, ки болои сарат туф кунӣ, ба рўи худат меафтад. Ту холаатро мазаммат кунӣ, тири сухан ба дили ман мехалад...
— Ман ба холаам гапи гуфтанӣ надора.м. Агар заррае ақлу тамиз дошта бошад, сабаби ҷудошавиро дуруст фаҳмад, асло хафа намешавад...
— Рост, хафа намешавад. Дуқат шуда, таъзим мекунад ва «ҳазор раҳмат» мегўяд... Ҳатто, аз хурсандӣ шояд ангуштак зада, ба пеши поят сар монад...
- Қасду пичингро як тараф партоед, бува. Холаам хоҳ хурсанд шавад, хоҳ хафа, қавли ман якта: бо Муъмина ҳамхона намешавам! На-ме-шавам!
— «Астағфируллоҳ» гўй, бачаҷон. Маро ба таги боронн таънаю маломат тела надеҳ! Гаҳворабахшро вайрон карда, худатро ба балои азим гирифтор накун...
— Чӣ гуфтед?
— Агар гаҳворабахшро шиканӣ, ба балои азим гирифтор мешавӣ, гуфтам. Ҳа, бачаҷон, ин тарафи масъала ҳам чатоқ! Аз ҳамин сабаб дилам дир-дир меларзад. Қиссаи бачаи Абдусамадро медонӣ?
— Хозир вақти қиссашунавӣ не...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё