Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Ҳозир айни вақташ бачаҷон. Гўш дор: ба Саттори нисари Абдусамад духтари Абдувалиро гаҳворабахш карда буданд. Аммо ин бачаи даҳдила ба духтари ҳамсоя ошиқ шуда, аз момзади худ рўй тофт.
Бозори духтари Абдувалӣ касод гардид.
Аз ин рафтори номардонаи домодшавандаи мулоимхунук зани Абдувалӣ дарун-дарун сухт. Ҳар субҳу шом пайваста дуо мекард, ки Саттор хонавайрону дидагирён шавад. Ва ҳамин хел ҳам шуд. Баъди ним соли тўй зани Саттор яку якбора аз ақл бегона гардид ва шабона худро аз боми болохона партофт...
Зани дуюми Саттор ҳангоми зоидан аз олам гузашт...
Саттор баъди сарфу харҷи зиёд, бо ҳазору як азобу сарсахтӣ бори сеюм, ин дафъа аз деҳаи ҳамсоя, зан гирифт. Ин занаки ресмонабрўи сурмачашм ҳамааш шуда бо Саттор се моҳ зиндагӣ кард. Дар ин муддат тамоми буду бозьёфти шавҳарашро муш барин пинҳон-пинҳон кашонда, суфраю сандуқҳоро лесида монд. Сонӣ дар як рўзи равшап, бо ким-кадом мардак ба даст афтид. Худашро бадному шавҳарашро шарманда карда, ба рўи Саттор хати сиёҳ кашиду паи қафо аз деҳа баромада рафт...
Аз чунин ноомади кор ва зарбаҳои паёпай ақли Саттор тира шуд.
Мегўянд, ки ҳоло вай дар ким-кадом девонахона ҳофизӣ карда гаштааст.
Ана ҳамин хел, бачаҷон: аҳволи одами аз гаҳворабахш рўӣ гардондагӣ чатоқ мешавад...
— Ҳақиқатан ҳам шумо ба қиссабофӣ устухон надоред-дия, бува.
Қитоби бисёр, ки доред, чизи бисёр медонед...
—- Ғалат кардӣ, бачаҷон. Ин қисса аз китоб не, аз ҳаёт аст. Боз як ҳикояти дигар мегўям. Онро шунаву ба ягон хулоса биё...
Дар маҳаллаи Гузар Аҳмадбек ном ҷавонпаҳлавоне буд. Чӣ шуду чӣ монд, ки вай ҳам ба гапи шайтон даромада, ба рўи духтари гаҳворабахшаш—Зайтуна туф карду аз паи Матлабхони мўйдароз рафт. Ҳар ду ҷунун ошику маъшуқӣ печон шуданд, кӣ ҳатто ним нафас бе ҳамдигар зиста наметавонистанд.
Зайтунаи паршикаста ба мавҷи ғам печиду сахт дил андохт ва ба касалии сил гирифтор шуд. Модари ҷигархаста хун мегирист ва ҳар замон аз дили пурсўз оҳи пургудоз кашида, дуо мекард, ки «Илоҳо, Аҳмадбек аз шах парида мурад ва ҷасадашро зоғу заған хурад!»

пешина
аз 80
навбатӣ