Гаҳворабахш

— Собирова канӣ? — пурсид бо димоғи сўхта роҳбари гурўҳ.
Ҳама хомўш буданд.
— Ховай!
Ин луқма гулдурроси хандаро ба амал овард. Ҳама таҳсиномез тарафи Абдулфайз нигаристанд. Ин ҷавони бебок дар лаҳзаҳои душвору ҳолатҳои вазнин бо як-ду сухани хандаовар боду ҳаворо гармакак мекунад. Лекин ин дафъа тираш ба нишони асосӣ нарасид: аз ин шўхӣ лаби муаллим инҷ нашуд.
— Ман беҳазл мепурсам! — гуфт вай бошиддат. —Чор рўз гузашту то ҳол давомот сад фоиз нашудааст! Ин пагоҳ декан як олам ғурбат кард.
Канӣ Собирова?
Ин карат ҳама, бо маслиҳат, баробар маро нигаристанд. Не, не: ман сардори синф ё котиби гурўҳи комсомолӣ нестам. Гап дар ин ҷост, ки аз муносибати хуби ману Малоҳат аксарият бохабаранд... Аммо, бо вуҷуди ҳамдаму ҳамроз будан, ҳоли ҳозир худам низ сабаби ба дарс наомадани Малоҳатро намедонистаму шағол ба дилам чангол мезад.
Хомўшу беҳаракат нишастани маро дида, муаллим оҳанги гапашро тағир дод:
— Ҳамаатон ҳам қоил кардед... Офарин! Худи ҳамин рўз телефон карда, сабаби наомаданашро фаҳмед!
— Дар хонаашон телефон нест, муаллим. Ин эзоҳ узри бадтар аз гуноҳ шуд.
— Ба идораи ҷамоа ё колхозашон телефон кунед! ё ки фавран телеграмма диҳед! Гўед, ки зуд расида ояд: баъди ду рўз ба пахтачинӣ меравем!
Хушбахтона, ба телеграммабозӣ ҳоҷат намонд: худи ҳамон рўз Малоҳат ба дарси охирин расида омад. Аввал бо ман, баъд бо дигарон даст дода сар-сарӣ ҳолпурсӣ карду хандон-хандон ба паҳлўям нишаст. Вай шишту муаллим ба синф даромад ва дигар ба пурсопурс фурсат нашуд.
Бинобар ҳамин зуд ба вай хатча роҳӣ кардам. «Малоҳат, чаро дер омадед?» Баъди лаҳзае он варақ ба ман бозгашт. Дар пушти он «Касал шудам» навишта шуда буд.
Дарс давом дошт. Муаллим дар ким-кадом хусус сўхтаю пухта ҳарф мезад. Вале ба гўши ман гап намедаромад. Чашмам ба муаллиму ҳушам ба Малоҳат банд буд ва хатча аз паи хатча менавиштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё