Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мардуми кўҳистон баъзе расму одатҳое доранд, ки... Масалан, росташро гўед, Риёзбек: Мўъминаро дўст медоред?
— Не! — бе ягон фикру андеша ҷавоб гардондам.
— Лекин бо вай хонадор мешавед-а?
— Ҳа. Моро барои ҳамин гаҳворабахш кардаанд...
— Пас, зиндагии шумоён чӣ хел мешавад?
— Надонам...
— Ин зиндагӣ не, лўхтакбозӣ мешавад, Риёзбек. Ё гапам хато?
— Надонам...
— Акнун Риёзбек, боз як маротиба рости гапро гўед: ба ишқу муҳаббати пок бовар доред ё не?
— Дар ин бора чандин китоб хондаам...
— Яъне, ишқу муҳаббат фақат дар китоб вуҷуд дорад?
— Ҳа...
— Эҳ, Риёзбек! Аз Шумо ин хел умед надоштам...
— Медонам, ки сари бе ишқ кадуи бебор асту марди аз ишқу муҳаббати зан баҳра нобурда мард нест, Малоҳатхон. Лекин... Шумо...
— Шуд! Давомашро нагўед ҳам мешавад. Ҳамааш фаҳмо, Фақат аз Шумо як илтимос дорам.
— Хўш...
— Илтимос ҳамин ки дигар маро «шумо нагўед». «Ту» гуфта муроҷиат кунед. Ҳатто «Малоҳатхон»-у «Малоҳат» ҳам нагўед Одиякак «Мало»
гўеду монед. Маъқул?
— Маъқул.
Мавсими пахтачинӣ то моҳи декабр давом кард. Хеле мондаю шалпар ва корзада шудам. Бинобар ҳамин, вақте ки автобус ба шаҳри Душанбе расид, оҳи сабуке кашидам. Аммо он лаҳза ҳеҷ кас гумон надошт, ки дар хобгоҳ маро шумхабари дигаре дар пеш аст.
Ба унвони ман аз деҳа мактуби беимзое омада буд. Муаллифи номаълум баъди салому дуои ғафс менавист, ки «Мўъмина дарди гўш шуда, ду моҳ дар беморхонаи район хобид. Лекин дорую дармон фоида набахшиду гўшҳояш ғип-ғит кар шуданд. Акнун дар пешаш карнаю сурнай навозӣ ҳам—намешунавад...»

пешина
аз 80
навбатӣ