Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Лаббай, ако! — Мўъмина рўяшро ба-шаст тарафи ман гардонд. — Салом, ако! Ана, хатчаатонро гирифта, парида омадам. Чӣ мегўед, ако?
— Гуфтанӣ, ки...
— Гўши ман ҳеҷ чизро намешунавад? Ҳа-мин тавр? Ду бор пасту баланд сулфида, бе-ҳаракат иишастанамро дида, маро кар гумон кардед?
— Не... ҳа... Медонӣ дар ин бора мактуб гирифтам...
— Аз кӣ?
— Ма, хон...
Мўъмина саросема мактуб мехонду ман бо назари харидорӣ сар то пои ўро тамошо кардам. Гапи модарам рост: хусни Мўъмина ба хирочи мамлакат меарзад ва кокул ба ми-ёни борикаш меларзад. Ин нигори лоларух, аниқтараш, ин садбарги сурхи ситорадандон чашмони шаҳрошўбу лабони акик ва холи сиёҳи мушкин дошту бо забони ҳол чунин ме-гуфт: косаи чииӣ, ки хуш садо мекунад, худ сифати хеш адо мекунад...
— Ҳамааш фаҳмо! — овози чарангосии Мўъмина маро ба худ овард. — Ин мактубро гирифта, талхакаф шуда, ба сари ман омадед! Ҳамин тавр, ако?
— Чаро маро «ако» мегўӣ?
— О, худатон маро «хоҳар» гуфтед-ку!
— Ман... ҳамту... нохост аз даҳонам баро-мад...
— Аммо ман ҳамту, бесабаб «ако» наме-гўям. Ақлам мегирад, ки шумо бо кардухтар ; хонадор намешавед... Ягон духтараки дўст-1 дошта, таги чашм кардаатонро мегиред.., Би-нобар ҳамин «ако»
мегўям...
— Хато мегўӣ! О, ту кардухтар не-ку!
— Не, ғип-ғит кар! Ягон гапатон ба гўшам намедарояд...
— Масхарабозӣ накун, Мўъмина...
— Ман масхарабоз?
— Ҳа!
— Не, ако. Ман не. Волидонамон маска-рабоз... Урфу одатҳои сабилмонда масхарч-боз... Ҳаминро намедонед?!
— Ҳой духтар, чиҳо мегўӣ?

пешина
аз 80
навбатӣ