Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳеҷ гоҳ омада намегўяд, ки «эй ҷавони «баодобу шармгин», ман шуморо дўст доштаам. Бе шумо як рўзам мабод!» Не, не. бояд худам ўро дошта, ҳама дарди диламро кафонам. Вагарна ин рафторамон, ба фикрам, то дунё боқист, якзайл мемонад. Худи ҳамин рўз ўро дошта ҳама, чизро кушоду равшан барояш гуфта медиҳам. Нодир бо ҳамин андеша як соат пеш аз тамомшавии дарс баромада ба, сўйи майдони Айнӣ равон гашт. Дар роҳ аллакай бар дилаш беҷуръатӣ чун бешум аз қарздор сар бурун мезад.
Фарз кардем, ўро аз роҳ медорам. Рафту наистод?
Гўяд ки «ту кистӣ?», пас ман чӣ ба ў гўям? Хайр, фарз кардем, ки истоду пурсид. «Мебахшед, ба ман ягон кор доред?» Ман мегўям, ки «бале, ба шумо коре дорам. Хеле зарур» «Хуш гўшам ба шумо?» Гўям, ки «Шуморо дўст медорам». Чӣ бемаънигӣ. Худоё, ба ў чӣ гўям! Фикраш чунон парешону мушавваш буд, ки чизе ба сараш намедаромад.
Дақиқаҳои ҷонкоҳи интизорӣ хеле тўлонӣ мегузаштанд. Ҳарқадар ки дақиқаҳо тўл кашида, ба нуқтаи нишонгирифта наздик мешуданд суръати набзи дили Нодир ҳамон қадар зиёд мешуд.
Ношинос омада, гузашта рафт. Бечора Нодир гунгу карахт ўро бо нигоҳ гуселонид. Вақте ки ношинос аз назар ғоиб гашт, Нодир ба худ омад. Аз қаҳри оҷизияш ҳатто қобилияти андеша карданашро дар ин дақиқа гум кард. Охир дигар, ба худ чӣ кор ҳам карда метавонист. Оҳиста-оҳиста ў ба роҳи рафтаи ношинос ба тарафи майдони Куйбишев роҳ пеш гирифт. Ношинос бо дугонааш болои курсии ба зери маҷнунбеди серсоя буда нишаста, яхмос мехўрд. Бечора Нодир намедонист, чӣ хел аз назари онҳо гузарад.

пешина
аз 341
навбатӣ