Сояҳои шикаста

Якпо-якпо роҳ мерафт, то ки онҳо хеста раванд. Вале қасд кардагӣ барин онҳо аз ҷояшон намеҷунбиданд, ба гапи худ машғул аз омадани Нодир хабардор нашуданд. Ў аз ин дақиқаҳо истифода бурда, ҳамчу гурбаи дузд роҳро миёнабур карда, ба он тарафи кўча гузашт. Бечора ҳеҷ ба худ омада наметавонад. Гузашта ношиносро фаҳмонда диҳад. Ҷасорат нест.
Соат чори бегоҳ шуда буд. Нодирро ҳеҷ қарор набуд. Кори дипломӣ дар болои стол ду ҳафта ин ҷониб чанг гирифта мехобид. Не, ба ин аҳвол дигар кор карда намешавад. Ҳатман ҳамин рўз рафта ўро аз дарс бароварда, ҳамаашро фаҳмонда медиҳад. Ба қарори қатъӣ омада, ба кўча баромад.
Нодир ҳамин қадар дар бораи ношинос маълумот пайдо кард, ки намедонист, ў таърихчӣ ё филологи рус аст. Ҳамин қадар медонист, ки дар ин бинои хониш таърихчиён ва филологҳои рус дарс мехонанд.
Нодир дар назди дари бинои хониши №8 меистод.
Чашмаш ба Рауф афтод. Вай ҳамин сол ба факултети филологияи рус қабул шуда буд ва бо Нодир аз як деҳа буданд. Нодирро дидан замон ба наздаш омад.
– Салом, Нодир-ака, кадом шамол ба ин тарафҳо парронд?
– Боз кадом шамол мешуд. Хостам шуморо як хабар гирам. Охир, ягон бор ба назди одам намеоед.
Пас маҷбур… чӣ илоҷ…
– Қаҳва менўшед? Биёед ба қаҳвахона як дароем,
– таклиф кард Рауф.
Онҳо ба қаҳвахона даромаданд. Нодир тамоми саргузашташро бо он духтари навчақомати либоссурхак ба Рауф гуфта дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё