Сояҳои шикаста

Рауф бо дугонаи Гулчеҳра ба якдигар нигариста, табассум мекарданд. Нодир худро тамоман аз даст дод. Чӣ гуфтанашро намедонист.
Онҳо барои чӣ аз ин ҷо намераванд? Магар ақл надоранд? Магар намебинанд? Рауф бо дугонаи Гулчеҳра якзайл табассум мекарданд ва чунин ба назар мерасид, ки гўё Нодирро масхара мекарда бошанд.
Лекин медонистанд, ки забонҳо дар назди ин ҳиссиёт лол мегардад. Аз ин миён чанд дақиқа гузашт.
Гулчеҳра худро аз ин вазъияти ногувор барои халос кардан гурехта рафт. Ҳатто ҳарфе назада, сарашро набардошта, дар долон нопадид гашт.
Дар долон танҳо ду кас – Нодиру Рауф монда буданду халос. «Аҷиб, дар назди дигарон бо маъшуқаат рози ишқ гўйӣ. Чӣ бемаънигӣ?!» Охир дар танҳоӣ бо ў сухан кардан аз марг ҳам даҳшатовар аст, ҳол он ки дар пеши дигарон, дар шоҳидӣ.
– Чӣ кор кардӣ? – гуфт Нодир.
– Чӣ кор мебоист мекардам? ки шуморо дўст медорам! Барои чӣ моро дар танҳоӣ нагузоштед. Вақте ки ба наздатон омадам, чаро нашиносондӣ, ки ман барои чӣ омадаам Чаро?!!! – Нодир тафсида рафт.
– Охир, худи ў ҳаминро аз мо талаб кард. Мехостааст, ки танҳо худи шумо гапро сар кунед
– Пас чаро шумо «шармгинон» аз наздамон нарафтед? Чаро?
– Худаш ҳаминро мехост, – боз гапашро такрор кард Рауф
– Дигар бо ў ҳеҷ гоҳ сухан кардан бароям муяссар намешавад. Тамом.
– Чаро? Ҳозир нома нависед. Вай ҳам одам аст, як чиз-ним чизро мефаҳмад. Охир, агар шуморо намехост, ба дугонааш чизе намегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё