Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Э, вай ҳамдарси мо-ку!
– Наход?
– Дугонааш ба ман хеле наздик аст. Номаш Гулчеҳра. Кушу пўстама гир аз дугонааш ҷудо намешавад.
– Чӣ чора?
– Ман ин соат аз дарс гурехтам. Психология. Ба назарам ҳамин хел дилгир, ки нагўед. Дар танаффуси калон ўро ба берун даъват мекунам, майлаш-мӣ?
– Майлаш не, қатъӣ.
– Қатъӣ бошад, қатъӣ-дия, – боз дар овозаш оҳанги дудилагӣ ҳис карда мешуд.
Онҳо аз қаҳвахона баромада, ба назди бинои хонааш омаданд. Занги танаффус ҳам зада шуд. Рауф ба дарун даромада рафт. Нодир ба долон даромад.
Сараш лабрези хаёлоти мушавваш буд. Бо ин ҳолати ногувор расмҳои дар девор часпондашударо тамошо мекард, то ки каме бошад ҳам, худро ба даст гирад Долон пур аз донишҷўён буд. Дили Нодир беист мезад ва аз ҳаяҷон ваҷоҳаташ меларзид. Рауф бо дугонаи Гулчеҳра омада, дар назди дар истода, ба омадани ў мунтазир буданд ва ким-чӣ мегуфтанд. Гулчеҳра омад. Вақте назараш ба Нодир афтод, як қад парида, тез ба назди онҳо рафт. Торҳои асабаш хеле таранг кашида шуда буданд, ки газетаро дар дасташ меҷафид ва он ғиҷим-ғиҷим гашта буд.
– Нодирҷон! – ў дубора ба пасаш нигарист. Рауф ба наздашон мехондаш. «Ноилоҷ бояд рафт», худ ба худ андешида, ба назди онҳо рафт.
– Салом, – овозаш хеле пасту ҳишшӣ буд. Онҳо чорбарў меистоданд. Гулчеҳра сараш хам аз шарм сип-сурх гашта буд.

пешина
аз 341
навбатӣ