Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ў мерасад ба соҳил, соҳили Урумия. Ғарқ мешавад ба дарё. Дигар худоҳо камфурўғ шудаанд. Дигар аз теғаҳои осмонбўси Албурз намешаванд ҷори шўҳу ширгун обҳои равонбахш. Дигар теғаҳо афсурдаанду худоҳо камфурўғ гардидаанд. Олам ба коми насу* афтодааст. Дигар ҳама дарёҳои осмонӣ агар бо фармони Об* ба ин кишвар бирезанд ҳам, ин олудагӣ нашавад тоза.
Дигар Озар ба оташкада аз ғубори таки дави аспҳои тозӣ хира мешавад, лолазорҳо регзорҳо, киштзорҳо мисли рўи араб месўзанд.
Дигар онҳо барои араб дар кишвари Зулмат поин мераванд, бе наъраи ҷигархарош!..
Борбад охирин бор менигарад ба панҷаҳои навосозаш.
Охирин панҷаҳои навосоз!
Зутар ба тарс бедор мешавад.
Борбад беҳўш ба рўи фарш афтода буд ва аз кафи дастони бепанҷааш хуни лолагуне мерехт…


Пас аз ҳазор сол, пас аз даҳ ҳазор сол шахсе аз ин ҷода мегузарад ва фарёд бармеоварад: Куҷостӣ, эй ғуборгашта соҳиби Уштури Сафед? Аз замин садо барнамеояд. Ба ў посух медиҳанд кўшкҳои шуда яксон ба хок, китобҳои рафта ба об: Мурлиспанд!
Мурлиспанд!..

пешина
аз 341
навбатӣ