Сояҳои шикаста

АФСОНАИ ДЕҲИ МАТРУК
Аз он рўзе, ки мардуми деҳро ба водӣ муҳоҷир карданд, бисту панҷ сол гузашт. Ва тўли ин бисту панҷ сол дар деҳи фурўрафта, дар чордеворҳои фартут фақат чор оила зиндагӣ мекард. Ва мегўянд, ки як каси дигаре ҳам ҳаст, ки дар канораи деҳа барои худ хона сохта, даҳ сол боз зиндагӣ мекунад. Ва гоҳу бегоҳ ба зери сафедорҳои азиму баланд омада мешинад. Вай ба шохҳои ин сафедорҳо латтаҳои сиёҳу сафеди зиёде бастааст. Дар ҳақиқат ин сафедорҳо ба мазорҳои азиме шабеҳ шудаанд. Ва як саги аҷибе ҳам буд, ки шабҳо зери ин сафедорон пайдо шуда, зўза мекашад ва бо дамидани сапеда дар канораҳои деҳ ғайб мезанад. То ҳол он сагро касе бо чашми худ надидааст, фақат зўзакашиашро шабонгоҳон шунидаанд. Тахмин мекунанд, ки ин саг гуё ҳамон марди канори деҳ бошад, ки баъди шом хўрдани рўз дар либоси саги навҳагар медарояд.
Рўзи аввали ба ин ҷо омаданам ин афсонаи писарамакам Рустам маро сахт тарсонд ва ман дигар наметавонистам гоҳу бегоҳ ба сарвақти худ дар кўчаҳои офатзадаи ин деҳи ошно гардиш кунам. Маро ин деҳ даруни андешаҳои кўдакиям ҳанўз зебову пурдарахт боқӣ мондааст. Чӣ як деҳи пурдолу дарахте буд ва ё ин замон дар хаёлам ҳамчунин менамояд. Охир одам харобаро дида ёд аз ободӣ мекунад. Шояд зебо намудани гузаштаи деҳ ҳамин тавр бошад. Шояд маҳсули тахайюли авсонабофи бачагиям деҳро ҳамин тавр тасаввур мекарду дар асл ончунон набуд? Шояд… Ман хоб медидам биҳиштеро, ки танҳо дар афсонаҳо ин қадар ҷаззоб менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё