Сояҳои шикаста

Туро меҷўям
Модар
Аз рўйи одати ҳаррўза ба кўча баромадам. Дар хона касе набуд. Дилам танг шуд. Аз падарам дарак нест. Ў баъзан то як ғоити шаб дар назди ошноҳояш мемонд ва ба ин роҳ аз танҳоӣ мегурехт. Ў аввалҳо аз наздам дур намерафт. Вақте ки мактаби миёнаро хатм намуда, ба Дорулфунун дохил шудам, ў нисбат ба ман бепарвогӣ мекард ва баъзан то ду-се рўз ба хона барнамегашт. Мо ҳардуямон зиндагӣ мекардему халос. Ман ўро дўст медоштам, зеро ҳам падар буду ҳам модар. Ман аз яксолагиям бо ў монда будам. Ҳаждаҳ сол мешавад, ки мо дар танҳоӣ зиндагӣ мекардем ва ин танҳоиро дар шафақи меҳрубониҳо ҳис намекардем. Намедонистем, ки рўзҳо бо гузашти худ моро мекуштанд. На мо рўзҳоро.
Акнун ў хотирҷамъ, бепарво мегардад. Ў гумон мекунад, ки ман бисёр бандам ва барои ба ман халал нарасониданаш дурӣ мегузинад. Вале ман аз танҳоӣ, аз иштиёқи ў, аз дурии ў зиқ мешудам ва меранҷидам. Барои рафъи хастагиву ғамгинӣ ба сайр мебаромадам ва бо ин танҳоӣ «гурехтанӣ» мешудам.
Аз рўйи одат имрўз ҳам ба кўча мебаромадам. Аз дирўз боз падарам наомада буд. Дилам хеле танг шуд. Баъзан ба гўшам мерасонданд, ки ў дар майхонаҳо масту аласт мегардад. Ҳеҷ боварам намеомад. Бо вуҷуди он дилам сиёҳ мешуд ва бори андўҳ диламро мефишурд, дар олами андешаҳои мушавваш хеле хаста мегардидам.
Сайру гашт ҳам бар дили пурандўҳам сафас намебахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё