Сояҳои шикаста

Ў ҳар рўз беш аз пештара ба ман наздиктар мешуд, меҳрубонӣ мекард. Ман ҳеҷ чиз намефаҳмидам. Дар адои ин ҳама меҳрубониҳояш дилам сиёҳ мешуд, чӣ гуна ҷавоб гардониданамро намедонистам, дилам барояш месўхт.
Ман қариб аксар вақт бегоҳиҳо, намози аср ба ба хона бармегаштам. Баъди дарс ба китобхона мерафтам ва ё ба ягон ҳамкурсам ба қаҳвахона даромада, то дергоҳ менишастем. Вақте ки ба хона меомадам, касеро намеёфтам. Даме бо андешаҳои худ гум мешудам. На радио, на телевизор, на китобу дафтар маро андармон карда наметавонист.
Дилам як беқрориеро ҳис мекард. Хотирам мушавваш, чи кор карданамро намедонистам. Ё падарам меомад. Ман нестам, боз баргашта ба куҷо, ба назди ёру дўстонаш мерафт. Намедонам, ба ҳар навъ ў дер-дер ба хона меомад. Имрўз низ ба мисли пештара аз китобхона хаставу монда шуда, ба хона баргаштам. Дилам аз ҳарвақта дида, сиёҳтар буд. Дар дилам аввалин бор хоҳиши нўшидан пайдо шуд. Вақте ки ба ҳамин мақсад ба кўча баромада, қадам мезадам, офтоб кайҳо шом хўрда буд.
Ҳамеша аз ҳамин роҳ мегузаштам. Кўча хеле тозаву озода ва ором буд. Маро хоҳиши дамгирӣ ҳатман ба ҳамин кўча мебурд.ман ғарқи андешаҳои худ , аз ин оромии сафобахш лаззат мебурдам. Аз вазиши насим баргҳои ду тарафи роҳ шир-ширкунон суруд мехонданд ва ба ин хомўшии содаву беғаш таровату назокати тозае мебахшид.
Шояд ҳамин зебоӣ буд, ки маро ҳар бегоҳ ба сайр мебаровард. Ман дар ин кўча оҳиста-оҳиста қадам мезадам. Чароғҳои сари роҳ ба ҳар тараф нур меафканданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё