Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ўро албатта меёбед, модар!
Гўё тамоми гирифтагии дилам ба гуфтани номи «модар» чу осмони софи пурситора кушода шуд.
Модар ҳеҷ набуд, ки аз тамошоям сер шавад. Ду чашми камнури ў гўё аз дидори ман медурахшиданд. Вақти рафтанам буд, вале аз пеши ин модари мушфиқу меҳрубон рафтанам хеле мушкил буд. Аз вазъи ваҷоҳаташ медидам, ки ў низ аз пеши ман рафтан наметавонад. Ў намехоҳад, ки маро низ аз даст диҳад. Охир, ман каме ҳам бошад, ба фарзанди ў монанд будам. Модар дар ин дақиқаҳо чӣ қадар азоби рўҳӣ кашида буд. Охир, ту худ азизам, тасаввур кун, ки модар ҳаждаҳ сол фарзандашро надидааст, аз ў хабар надорад. Пас рўзе дар роҳ ва ё ин ки дар ягон ҷойи дигар ба фарзандаш монанд каси дигарро мебинад. Вақте мефаҳмад, ки вай фарзандаш нест, ба ў чӣ ҳол рўй медиҳад? Ман нахостам, ки модар як умр шикастадил монад.
– Модар, биёед ба хонаи мо меравем, он ҷо каме дам мегиред, осуда ки шудед, худам шуморо ба хонаатон бурда мемонам.
– Не, писарам, ман ин ҷо меистам. Шояд ҳозиракак ояд. Ман вайро дар ин ҷо меёбам.
Ў метарсид ва ё шубҳа мекард, ки гўяд: «Не, ин туӣ».
Ҳазор сол гузарад ҳам, ту моро мешиносӣ модар.
Ту моро меёбӣ. Меҳри ту аз ҳазорсола роҳ моро ба сўйи ту мебарад. Меҳри ту дар ҳама ҷо раҳнамуни мост, эй модар.

пешина
аз 341
навбатӣ