Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Исфандиёри азизу меҳрубон!
Туро ҳеҷ гоҳ ба ин ҳол музтарибу ғамгин, рўҳафтодаву бечора надида будам. Тасаввур мекунам, ки шаклан ҳам бояд хеле тағйир ёфта бошӣ. Дар номаат хурдтарин ҳаракати симоят пеши кас ҷилва мекунад. Ба фикрам, ин охирин номаи ту буд. Аз ҳамин сабаб ҳам барои тез аз ман халос шуданат афсонаҳо бофтаӣ. Охир, ҳамту содаяк гўӣ, ки оши ҳардуямон напухт, намешавад? «Зангўлаҳо меларзанду садо медиҳанд», бо вазиши бод баргҳо аз шохсор канда шуда, ба рўи замин ҷилвакунон фуруд меоянд ва бо ҳаракати тез ситораҳо аз осмон канда мешаванду ғоиб мегарданд. Оби чашмаҳо дили кўҳро рахна карда, ба берун метарованду ба ҷараёни пуршўри рўдҳо ҳамроҳ мешаванд. Охир, ин қонуни табиат аст – ку! Дар зиндагӣ худи мо қонунҳоро ба вуҷуд меорем, пас мардум ба он роҳи писандида амал мекунанд.
Пас нолидан чӣ маънӣ дорад. Худи ҳаёт мубориза аст. Рафтори ту маро маҷбур мекунад, ки ба сафсатагўи машғул шавам. Наранҷ, духтари бесаводи қишлоқӣ – дия. Онҳо дағал мешаванд. Бемаданият, ифлос ва ғайра. Албатта ў донову бофаросат будагист. Ба ҳар навъ маълумот доштагист. Бар замми ин ҷудо ҳам бояд зебо бошад! Охир, муҳаббати шумо дар айни худшинос шуданатон ба торҳои нафиси дил пайваст ва шояд болҳои нозуки хаёлатон баландпарвозу гуворо бошад.
Исфандиёр, азизам, зинҳору зинҳор, ки номаҳои маро бояд ў надонад. Пас аз хондан онхоро сўхта парто. Охир, рашк заҳрест қотил. Мабодо, ки нозанинат аз хондани ин номаҳо ба ин дарди бедаво гирифтор нашавад.

пешина
аз 341
навбатӣ