Сояҳои шикаста

Охир, ҳанўз ҳам ўро надоштаанд – ку?). Мани фиребхўрда боз аз паи бандкушоии макри ў шуда истодаам. Охир, худи маро фиреб дод. Мане, ки аз ў чандин давру замонҳо пеш рўи оламро дида будам. Маро ў ба монанди он парие, ки Ҷамшед вайро аз осмон дошта ба кўзае афканда, ҳабси бе охир карда буд, ба дом афканд.
Маро ба ҳама ашё тақдим кард.
Рўҳ дар бадани Олам
Шабистони ман субҳи олам гардид. Аз яхистонҳое, ки Ҷамшед паноҳ мебурд, рўдҳо ҷорӣ гардиданд. Дашту даман сабзу гулпўш шуд. Дарахтон аз тавони ман қомат афрохтанд. Ба булбулу сулсул сўз бахшидам. То дар худ барои хеш сўзам. Дар ҳама чиз: дар шоху дарахт, дар дубаргаву себарга, дар гулу райҳон, дар баргу реша худро меҷўям. Олам Ман аст. Манро метавон ҳама чиз номид. Ман он гургам, ки аз паси рамаи гўсфандон ба хашм медавам, то ин вуҷуди сустниҳоди рамаро бидарам; ман он мешам, ки барои талоши худнамоӣ кардан паноҳ мебарам.
Ман дар худ меситезам. Ман он шери хашмам, ки худро ба торикистони ҷангал мезанам. Аз бародари бемеҳри худ мегурезам. Вай маро дар ҳама ҷо, ба ҷуз дар шабҳо, посбонӣ мекунад ва бо нури гарми худ беқарорам карда, ба сўи хеш мехонад. Месўзам, нотавону хашмгин ба шабистон меравам.
Тўтии ширинсухан нарм-нарм сухан мегўяд, то маро дилбардорӣ кунад. Ин манам, ки дар худ ором мегирам ва тасаллӣ меёбам.
Ман дар бадани гулам. Суруди маҳзунам ўст.
Ман кўҳсори сарбаландам. Дар бару доманам худро рўёндаам, Ғамам дар бадани уқёнусҳо тўфон мекунад. Об мешаваму аз дили худ бурун меравам.
Дар равони бод тавонам. Ғубори хастагиро аз рўи хеш мегирам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё