Сояҳои шикаста

Эй хуршеди равшанрўи ман, вақте ки чун сарви навруста мехиромӣ, насим пардаи рўят ба сўе мебарад. Медонӣ, ки чаро офтоб зери пардаи абрҳо пинҳон мешавад? Бале, зери дил меболӣ, зеро хуршеди оламро рўй зи хиҷолат даркашид.
Эй сарви нурхироми ман, дугонаи хеш аз маҳ дорӣ, то ба Зуҳал салом гўӣ. Ба Зуҳал меравӣ, то нишони олами бенишонро бароям орӣ. Дар даст гулдастае дорӣ, тамоман аҷиб. Бўе хуш, бўе, ки як умр аз аз машоми кас маравад, бўе, ки меҳри зиндагист, мебахшиям.
Оре, мебахшию механдию мегўӣ: «Бўй, ки умри ҷовидонат ҳадия мекунам. Ҳадияи ман ба ҷаҳоне мебахшад».
Эй хуршеди ман, вақте ки тўҳфаи туро ба лаб расонидам, аз олами ғафлат ба худ омадам, чашмонам боз шуданд.
Ман туро ҳар саҳари баҳорӣ бо дастагули муаттару зебо, ки аз бўяш маст гардӣ, истиқбол мекунам, вале вақте ки мехоҳам онро ба ту бахшам, тез гузашта меравӣ. Дастону орзуи ноумедгаштаи ман аз паси ту нигаронанд.
Ҳар субҳи солеҳ, пеш аз он ки хуршеди оламоро бўсаҳо бар олами ҳастӣ занад, бо дили шефтаву беқарор истиқболат мекунам, то нахуст рўи туро бинам, эй ҷонфазою дилрабой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё