Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ақиқин шаддаи марҷони гарданат маро маст мекунад, чун хуршеди ҷаҳони умедворӣ ба чашмонам медурахшад, вале соқии маҳрўй бо бодаи лаългун бехудам мекунад, то омади гузашту рафтанатро намбинам.
Замоне ки аз барам мехиромӣ, чашмони фитнаангезат бар ман бармехўранд, ҳушёр мешавам. Соқии моҳрўй дар ғафлат аст, чашмони наргисинат ба ман гулоб менўшонанд, ба худ меоранд. Мастона хиромида гузашта меравӣ, эй дилбари ман, бо шўру мастию фусункорӣ.


Эй Анаҳитаи ман, медонӣ, вақте ки вориди манзилам мешавӣ, Митраи азизро пайдо мекунӣ.


Эй ҷони ширини ман, маро дар бевафоӣ таъна мазан, ки дар худ бегонаам.


Эй рашк, маро маро ба худ гузору умрбод аз барам рав, то мардум ғамзадаву девонаву ғариби кўи ҳастиям нахонанд.
Эй шароби ҳастии шавқ, маро ба ҷаҳоне бар, ки дар он ҷо асаре аз рашку ҳасади ағёр набошад ба ҷуз ёр.


Агар ман хандам, ҷаҳон мегиряд.


Беғаразтарин дил ва бекинатарин нигоҳро дар шахси ошиқ ҷўй.


Ҳалимтарин шахс дар ҷаҳони ҳастии одамият-ин ошиқ аст.

пешина
аз 341
навбатӣ