Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Эй бехабар аз хеш

Эй духтари бехрўз
Эй бехабар аз хеш
Бар дарё вуруд шав
Ки нутфаи Зардушт
Татҳиршуда дар нур
Эътирози туст


Эй духтари беҳрўз
Бубини чи сон Ҳомун
Дар интизори ту
Аз шавқ намегунҷад
Дар соҳили худ
Ҳазорсол гузаштааст
Аз омадани ту
Дигар сабр намондааст
Дар интизори ту


Эй духтари беҳрўз
Эй зояндаи умедҳо
Умед намондааст
Ту боло мешавӣ аз кўҳ
Ба мисли фуруъ дар субҳгоҳон
Фарри хуршед меоӣ
Эй духтари беҳрўз
Фариштаи ишқ паси дар
Бо панҷаи нарми умедҳо
Туро садо мекунад
Эй духтари беҳрўз…
Аз худ раҳо шавем
Эй кош мешуд раҳо кардан ин равони
Офаринишро
Шустушў додани хешро дар нури Хуршедҳо
Ва парвоз кардан сўйи … бедардиҳо
Биё бо ман, эй духтари Беҳрўз,
Эй сақат карда орзуро
Эй ба мотам кашида Равони офаринишро
Биё бо ман, ки бас ранҷ кашидаӣ
Даме дар Ҷайи обҳои поку шаффоф
Аз худ раҳо шавем
Бо худ ба шаҳри орзуҳо расидан мушкил аст…
Баргардони А. Амон

пешина
аз 341
навбатӣ