Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Очеркҳо
Бо худ ва бе худ

Насим аз ҷониби дарё мевазид. Ў имрўз ҳам миёни гулгашти хуррам ҷониби дарё мерафт. Барои ў одат шудааст ҳар рўз ду соат пештар аз кор дар боғи Камол ва ё соҳили дарё гардиш мекунад. Имрўз кўчаҳо сермағал ва мардуми бисёр дар тан либоси идона сайр мекунанд. Аҷаб шаҳрест, ҳар ҳафта як рўзе дорад, ки мардум худро ороставу пероста мекунанд.
Ин кор барои шаҳр суннате шудааст. Ў гўё миёни онҳо як касе буд, ки ҳамаро ташхис медод ва ҳама ўро мешинохтанду намешинохтанд. Ў имрўз ҳам вазнин-вазнин қадам бармедошт ба мавҷи коҳили дарёи Сир. Ў дўст медорад, ки болои хараки соҳил нишаста ба дарё танҳо ба танҳо монад. Мавҷҳо сўи соҳил баланд мешаванд, ба сангҳо бархўрда шалаппос мекунанд. Сайрам аз наззораи ин таҳрики такрории мавҷҳо ба андеша меравад…
Мавҷи қарсакҳо дар гўшаш садо медиҳанд. Ў «мегурезад» то пардозхонааш ва дарро сахт аз болояш пўшида, назди оинаи пардознамояш беҳолона афтида, талх мегиряд. Ин дам ҳам намедонад, аз чӣ ба риққат омада буд: аз алам ё шодӣ. Ё гиряе буд барои сабукшавӣ?
Мавҷи қарсакҳо ўро ба саҳна даъват мекунанд, вале ў маҷоли аз ҷой хестан надорад. Вақти гиристан бозияшро як ба як пеши назар меорад. Вале боз сахтару талхтар мегиряд. Ҳамин лаҳза, гўё ки аз ҳоли ў пешакӣ огоҳ бошад, ба пардозхонаааш шоира Озод Аминзода медарояд. Вале вай ҳам барои дилдорӣ наомада буд. Аз шодӣ мехост ўро табрик кунад, аммо дар чашмони Сайрам ашкро дид. Гулро назди оинааш гузошта ҳанўз лаб накушода буд, ки ба пардозхона устод Раҳим Ҷалил даромаданд.

пешина
аз 341
навбатӣ