Сояҳои шикаста

МЎЙСАФЕД ВА САГ
Ё
ДАР ИНТИХОБИ ШАБ
Субҳ чеҳраи гирифта дошт. Боди сарду рутубатнок, балки намнок мевазид ва пайёми барф медод. Зоғҳои сиёҳу сафед сари шохсори урёну бебарг шавқун мезаданд. Мўйсафеди сиёҳу кабудшуда худро даруни боронии сияҳчатобу хеле касиф ва даридаву дарбеҳхўрдае, ки ғиҷиму қатшуда буд, печонида, болои сандуқи холии шишагирии назди дукони шаробфурўшӣ зонуҳои лоғарашро оғуш гирифта, менишаст. Битамоми баданаш меларзид, аз таъсири ҳавои сард, ки мағз андар мағзаш суроят карда буд, дандон мезаду меларзид. Ва дуртар аз ў, яъне дар баробараш сагчаи лойолуду оболуде такия ба дастонаш карда, болои пойҳояш нишаста буд ва чашмони пуробу беқарорашро аз мўйсафед намеканд. Нигоҳи чашмони варамидаву шишагини мўйсафед дар фаросўи сагча, дар нуқтаи дуру номаълуме ях баста буд. Гўё ҳама чиз таи вусъати нигоҳаш меғунҷид, ва боз ба мисли он ки чашмонаш беҳис шуда бошанд, чизеро намедид, балки ташхис дода наметавонист.
Вай фақат сардии бадани карахту зарбёфтаашро бо дард эҳсос мекард.
– Ивон, – фарёд зад касе. Вале ў таваҷҷўҳе накард.
Ў нисбат ба овозу соҳиби овоз бепарво буду беэътино. Вале бо шунидани ин овоз сагча безобита шуд, ба сўи фарохонӣ гўшҳояшро сих кара, вай ба мисли мўйсафед карахту беҳис набуд, ҳатто як азми аз ҷой бархостануба сўи соҳиби овоз рафтан намуд.
– Ивон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё