Сояҳои шикаста

Ба кунҷи торики хона мехезам. Сар ба кўрпа печида хоб меравам.
– Маро бедор макун. Рустам. Ман хаста шудаам…
Бо садои пурдарди саги танҳои шаб бедор мешавам. Аз хона бадар меравам. Сафедорҳои пир дар шафақи фонусҳои пурнур мерақсанд. Ман медавам ба сўи онҳо. Фариштаҳои муҷаллои шаб маро ба базми хеш мекашанд. Ман мерақсам бо нишот, масту бехуд. Онҳо суруд мехонанду мерақсанд. Ман саги яккафарёди шабро намебинам. Гўё вай набуд, ҳеҷ гаҳ набуд. Фариштагони муҷаллои шаб мерақсанду мехонанд суруд. Базўр худро зи ҳалқаи фариштагон нағмасарои зери пир сафедорҳои рақсон раҳо карда, масту бехуд, калов-калов меравам сўи Шаршара. Ба фурўрафта чордеворҳои фартут бармехўрам, онҳо хоку туроб мешаванд. Ман меравам ба сўи ҳама чордеворҳои деҳ ва онҳоро ба хок яксон мекунад. Боз бармегардам ба сўи Шаршара. Ҳисораи хонаи зебои марди танҳои канори деҳро пурнур мебинам. Медавам, мерақсам. Болои девор баромаданӣ мешавам. Вале он битамом фурў меравад, хок мешавад. Хона аз байн меравад. Боз бармегардам ба сари обшор. Метаконам ғубори хешро. Хам мешавам, то бишўям дасту рўямро. Вале дигар ҷўй об надошт. Обшор хушкида буд.
– Хок бар сарат, эй деҳи Матрук!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё